Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Забони коргузории ҳамаи ҳукуматҳои аҷнабие, ки дар сарзамини таърихии тоҷикон салтанат кардаанд, забони форсӣ-тоҷикӣ буд.
Таърих муборизаҳои қаҳрамонона ва талошҳои пайвастаи миллати азияткашидаи тоҷикро баҳри ба даст овардани истиқлолият, ки саҳифаҳои китоби бузурги таърихи халқи тоҷикро пурҷилло мегардонанд, ёд дорад. Агар андак ба дарунтари таърих фурў равем, мебинем, ки миллати тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ рўҳи истиқлолиятхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон, ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос мегузошт.
Вале, мутаассифона, ин муборизаҳои қаҳрамононаи тоҷикон то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр натиҷаи дилхоҳ надоданд. Танҳо бо шарофати ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ва Инқилоби халқии Бухоро (2 сентябри соли 1920) ба халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид, ки дар гушае аз сарзамини паҳновари таърихии тоҷикон давлати миллии хешро таъсис диҳад. Таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 заминае буд баҳри таъсисёбии давлати миллии имрўзаи тоҷикон. Истиқлолияти давлатии тоҷикон маҳз аз таъсиёбии Ҷумҳурии Мухтор ва Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон ибтидо мегирад. Воқеан, таърих миллатҳои зиёдро ёд дорад, ки садсолаҳо ин ҷониб баҳри ба даст овардани истиқлолият талош меварзанд. Вале, мутаассифона, ин неъмати бебаҳо ба онҳо насиб намегардад. Барои мисол миллати азияткашидаи курдҳоро ёдрас мешавем, ки тақдир онҳоро дар ҳудуди чор кишвар: Ироқ, Сурия, Туркия ва Эрон пароканда кардааст. Аз ин лиҳоз, нодида гирифтани таърихи 70-солаи даврони шўравӣ, бо ҳама гуна костагиҳо ва норасоиҳояш, мазмуни хиёнат ба таърихро дорад.
Бояд тазаккур дод, ки қабули Эъломияи Истиқлолияти Чумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон марҳилаи навбатӣ дар роҳи ба даст даровардани Истиқлолияти комили давлатӣ маҳсуб меёбад. 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳўм, Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шўравии таҷдидёфта қабул намуд [4, с.10-11]. Пеш аз қабули эъломия, дар вақти муҳокимаи он аз ҷониби Шўрои Олӣ, як гурўҳ олимони соҳаи ҳуқуқ лоиҳаи дигареро дар ин боб тайёр карданд, ки лоиҳаи алтернативӣ мебошад. Ба андешаи журналист Б. Каримов:
«Эъломияи алтернативӣ санади хеле муфассал ва аз нигоҳи мазмуну муҳтавиёти ҳуқуқии худ ба талаби истиқлолияти комили давлатӣ ҷавобгў буд, зеро муаллифони он дар тафовут аз мақомоти расмии онвақта фишору бархўрдҳои ҳукумати марказиро камтар эҳсос мекарданд» [10].

пешина
аз 162
навбатӣ