Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мавриди зикр аст, ки масоили марбут ба қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таҳқиқоти муаррихон, ҳуқуқшиносон ва сиёсатшиносони ватанӣ ва хориҷӣ, назири И. Усмонов [11], А. Холиқзода [12], Д. Назриев ва И. Сатторов [7], Ғ. Ғоибов [2], Н. Б. Ҳотамов [15], Р. Набиева [6], Н.
Ҳакимов [14], Н. Давлатбеков [3], инчунин асарҳои дастаҷамъии «Бунёди давлатдории навин» [1], «Основа новейшей государственности» [8] ва «История таджикского народа» [5, с.438-488], «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» [9] инъикос гардидааст. Вале, мутаассифона, аксари муаллифони фавқуззикр танҳо аз қабули як Эъломияе дар санаи 24 августи соли 1990 ёдрас шудаанду бас. Ҳатто дар китоби дастаҷамъии «История таджикского народа» [5, с.438- 488], ки ба назари мо масоили қабули Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ бояд ҳамаҷониба таҳқиқу баррасӣ мегардид, ба ин масъала таваҷҷуҳи камтар зоҳир шудааст. Дар адабиёти таърихӣ Эъломияи мазкур гуногун арзёбӣ мегардад. Масалан, ба ақидаи ҷонишини раиси Созмони мардумии «Растохез» А. Холиқзода «ин ҳуҷҷати ноқис буд ва аз ягон соҳибихтиёрӣ дарак намедод» [13, с.162].
Бояд тазаккур дод, ки бар хилофи А. Холиқзода аксари муҳаққиқон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ намуда, онро марҳилаи муҳим ҷиҳати ба даст даровардани истиқлолияти комил номидаанд. Масоили мазкур, алалхусус, дар китоби «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» [9] ва китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» [15] хеле амиқ таҳлилу баррасӣ гардидааст. Тибқи маълумоти ин манобеъ Эъломия ҳарчанд истиқлолияти комили мамлакатро таъмин карда натавонад ҳам, барои истиқлолияти давлатии соли 1991 заминаи мусоид фароҳам овард. Ба ақидаи муаллифони китоби «Очеркҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» [9] «дар ин ҳуҷҷат ғояҳои яклухт будани мамлакат ва масъунияти он, ба даст овардани сарвати миллӣ, эълон намудани замин ва сарватҳои зеризаминӣ ва дигар намуди захираҳои табиӣ моликияти хоси Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои сохтори нави бонкӣ ва мустақилона муайян намудани сиёсати молиявӣ бардошта шуда буд, ки ин аз ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ воридшавии арзишҳои нав шаҳодат медод» [9].
Лозим ба зикр аст, ки дар китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик»
[15] ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир гаштааст. Агар дар дигар китобҳои дарсӣ ва адабиёти таърихӣ муаллифон аз қабули Эъломия танҳо ёдрас шуда бошанд, пас муаллифони китоби мазкур Эъломияи истиқлолияти давлатиро банд ба банд ва хеле амиқ таҳлил намуда, мусбат арзёбӣ кардаанд.

пешина
аз 162
навбатӣ