Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҷ. А. МИРЗОЕВ,
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИНЪИКОСИ
ОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНӢ

«Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накўкорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар воқеъ, Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш буда, орзуи деринаи ҳар миллати озода, хосса тоҷикон, ки дар тули анқариб ҳазор сол дар таҳти ҳокимияти аҷнабиён қарор доштанд, махсуб меёбад. Истиқлолият рамзи сиёсии ҳар як халқ ба ҳисоб меравад.
Дастовардҳои халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар тўли 30-соли даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳамагон рўшан аст ва ниёз ба бозгўии онҳо нест. Аз ин лиҳоз, мо тасмим гирифтем, ки дар ин мақола дар боби чигунагии ба даст омадани истиқлолият, яъне қабули «Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон» дар санаи 24 августи соли 1990 ва «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» дар санаи 9 сентябри соли 1991 ва дар ин замина таъсисёбии давлати миллии тоҷикон, ки бозгашти тоҷикон баъд аз садсолаҳо ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ҳарф занем.
Агар ба умқи таърих назар афканем ва ё китоби бузурги «Таърихи халқи тоҷик»-ро саҳифа гардонем, ба мо рўшан мегардад, ки ҳатто баъд аз суқути нахустин давлати мутамаркази миллии тоҷикон – давлати Сомониён, ки тамоми сарзамини таърихии тоҷиконро фаро мегирифт, унсурҳои давлатдории тоҷикон аз байн нарафтанд.
Давлатҳои Ғуриён (1151-1215), Куртҳои Ҳирот (1245-1381) ва Сарбадорони Сабзавори Эрон (1336-1383), гарчанде ки дар ҳудуди андаке аз сарзамини паҳновари таърихии тоҷикон таъсис ёфта бошанд ҳам, дар таърих ҳамчун давлатҳои миллии тоҷикон шинохта шудаанд.
Гарчанде ки дар садсолаҳои баъдӣ, то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр (25-26 октябри соли 1917) тоҷикон аз давлатҳои миллии хеш маҳрум монда бошанд ҳам, анъанаҳои давлатдории онҳо, ки аз даврони ҳукумронии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, аз замони салтанати Куруши Кабир (550-530 т.м.) ибтидо мегиранд, побарҷо буданд.

пешина
аз 162
навбатӣ