70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Муаллифон матни Эъломияро таҳқиқ намуда, бо истинод ба ин матн аз ҷумла қайд кардаанд, ки Шўрои Олӣ «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шўравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқи ҶШС Тоҷикистон»-ро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард» [15, с.451].
Муаллифони китоби мазкур моддаи 4-уми Эъломияро, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ таҷассум ёфтааст, муҳим арзёбӣ кардаанд. Ба ақидаи онҳо дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад» [15, с.452]. Ба назари муаллифон чунин вазифаҳо, ба амсоли мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.
Муаллифони китоби мазкур таҳқиқи Эъломияро идома дода, қайд менамоянд, ки моддаи 5-уми Эъломия амали ҳуҷҷатҳои ИҶШС-ро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад, ки ин хеле муҳим буд. Моддаи 15-уми Эъломия, ки ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст, бастани шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникиро дар назар дорад. Ба ақидаи онҳо «ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ихтиёран ба ўҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи шўравӣ мегузоранд» [15, с.452].
Ба назари мо низ қабули Эъломияи истиқлолияти давлатӣ дар ҳайати Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шўравӣ дар санаи 24 августи соли 1990, сарфи назар аз ноқисиҳои он хеле муҳим буда, қадами зарурӣ ва устувор дар роҳи ба даст даровардани истиқлолияти комили давлатӣ маҳсуб меёбад. Вале, мутаассифона, Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шўравӣ, ки ҷиҳати созмон додани он президенти нахустини ИҶШС М. Горбачёв бо сарварони 9 ҷумҳурии собиқ Шўравӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 1991 гуфтушунид гузаронида буд, бунёд наёфт ва нуқтаҳои асосии Эъломияи мазкур низ дар амал татбиқ нагардиданд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рўзи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё