70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ватане, ки бо ҳама баландкўҳиҳою серсангиҳояш, серобию камобиҳояш, гармою сармоҳояш моро дар оғўш гирифтаву ба воя расонидааст. Ватане, ки бо самбули он шиносномаи ифтихорӣ дорам, Ватанест, ки дар тамоми гўшаву канори дунё ба ин нишона маърафӣ ҳастам. Аввалин калимаи суроғаи ман Тоҷикистон аст.
Мегўянд, ки дар зиндагӣ кас метавонад ҳама кору тахассусашро табдил диҳад, аммо Ватанро табдил кардан амри маҳол аст. Лиҳозо на танҳо аз донишҷўён, балки аз кулли аҳли тоҷикзамин тақозо ба пеш меояд, ки барои худшиносию хештаншиносӣ, гаштаю баргашта таърихи ҳазорсолаи аҷдодонамонро мутолиа кардаю омўхта бошанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Дар шароити кунунӣ мазмуну мундариҷаи андешаи миллӣ пеш аз ҳама аз сидқан дўст доштани Ватан, гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ иборат аст». [1, c. 6] Бо камоли афсус на ҳамаи атбоъи тоҷиктабори имрўза, ҳайсияти дарки чунин мавзўъро доро мебошанд. Ба андешаи мо на ҳамаи атбоъи ҷомеа соҳибмаълумотанду дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таърихшиносию худшиносиро дарбар карда бошанд. Биноан, айни муддаъо мебуд, ки омўхтани фанни таърихи Ватанро ба таври бояду шояд аз мактаби асосӣ сар карда, ҳамвора бо дарки ҳисси худогоҳии миллӣ тадрис намоянд.
Тибқи мадракоти бостоншиносӣ аҷдодони гузаштаи мо сароғоз аз ҷомеаи обшинаи ибтидоӣ аввалин бумиёни ин сарзамин буданд ва аввалин давлатҳои ғуломдорӣ низ дар ҳамин сарзамин оғозу такомул ёфтаанд. Кашфиёти бузурги Саразм инро гувоҳ аст. Фарзияҳо оид ба давлатҳои асотирии Пешдодию Каёнӣ ва тасаввуротҳо оид ба дували воқеии Суғду Бохтар, Порту Хоразму Даван ва ғайра гувоҳи онанд, ки аҷдодони мо созандагони аввалин рамзи инсонӣ дар ин сарзамин будаанд. Ҳеҷ сарчашмаи таърихӣ гувоҳӣ надодааст, ки давлатҳои антиқаи аҷдодӣ, яъне ҳамон суғдиёну бохтариёну портиёну хоразмиёну даваниён ва дигарон байни худ лашкаркашӣ карда бошанд. Онҳо дар фазои дўстию ҳамдигаршиносӣ арзи вуҷуд доштанд, ки қобили писанди инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Имрўз моро лозим аст, ки аз он дарси таърих насли ояндаи худро таълим диҳем.
Қобил ба қайд аст, ки аз қадимулайём гузаштагони насли тоҷик бо мақсади забту истилои кадом кишвар майлу рағбат накардаанд.
Аммо дар муқобили юриши ғосибонаи аҷнабиён истодагариҳои сахте нишон медоданд. Ана ҳамон давраи истилои кишвар аз тарафи Искандари Мақдунӣ ва қаҳрамониҳои Спитамен алайҳи ў ҷавононро водор месозанд, ки сабақи меҳандўстиро дониста бошанд.
Эдмунд Берк гуфта буд: «Таърих – робитаи байни мурдагону зиндагон ва ҳоло ба дунё наомадагон аст» [2, с. 325]. Ин мантиқ водор месозад, ки зиндагон бояд аз тамоми таҷрибаи талху ширини гузаштагони худ огоҳ бошанд. Огоҳ бошанд ба хотире, ки дар ҳаёти имрўзаи худу фардои наслашон покизагӣ андозанд. Аз ин лиҳоз дониши таҷрибаи таърих метавонад ҷомеъаи ояндаи моро аз ҳар гуна нуқсу нокомӣ нигаҳ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё