Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Замоне буд, моро аз таҳқиқу дониши амиқи таърихи худ дур медоштанд. Ҳатто пешвотарин роҳбари ҳизбӣ ё давлатии кишвари мо ба ин масъала чашми дид намекард. Ин ҳамвора ба он буд, ки кадрҳои роҳбарикунандаи давлатию ҳизбӣ рўй ба раванди «интернатсионалистӣ» мекарданду аз донистани таърихи аҷдодӣ чашм ба пўшу гўш ба кар меандохтанд.
Ба самъи онҳое, ки ба омўхтани таърихи аҷдодӣ майлу рағбат пайдо шудааст, расонида мешавад: дарку донистани таърихи давраи томелодию баъди мелодии антиқа хеле муҳим мебошад. Аҷдодони мо дар ҳайати давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Селевкиён, Юнону-Бохтариён, Портиён, Кушониёну Сосониёну ва дигарон аввалин офарандаи неъматҳои моддӣ ба ҳисоб мерафтанду маҳаки асосии сохтори давлатҳои вақтро таъсис медоданд. Бо таъсисёбии давлати феодалии Сосониёну баъдан Ҳайтолиён сохти давлатдории аҷдодони мо хело тағйир ёфта буд. Махсус ҷангҳои озодихоҳонаи давлати Ҳайтолиён алайҳи Сосониён ва бар зидди Ҳоқонати турк сурат гирифта, ибрати хуби меҳандўстӣ барои ҷавонони мо ба ҳисоб хоҳад рафт. Аҳамияти дигари омўзиш ва дониши таърихи аҷдодӣ чунин аст, ки аз ваҳшонияти ранҷбори Қутайба ҳангоми забти араб ба кишвари мо огоҳ бошем. Барои он донему дилсўзӣ кунем, ки чӣ гуна аҷдодони бешумори мо аз дами теғи Қутайбаҳою Ҷарроҳони қотил гузаштанд. Дилсўзӣ ба он кунем, ки чандин шаҳрҳои мутамаддини куруни вустои аҷдодони мо бо зебоишу ороишашон ва бо маданияти волояшон мавриди оташи араб гаштанд. Дониста бошем, ки мардуми Суғду Хатлони мо ба осонӣ таслими он ғосибон нашудаанд.
Ҳазорон Деваштич Сунбод Хатлониён, Абумуслим Шарик ибни Шайх, Муқаннаъ, Рофеъ ибни Лайс дигарон пайваста алайҳи таҷовузи араб меразмиданд. Аз дониши раванди чунин меҳандўстию озодихоҳӣ эҳсоси худогоҳии ҷавонони кунунӣ манша хоҳад гирифт.
Устоди фанни таърихи Ватанро лозим аст, ки бо маҳорати педагогии хос сабабҳои айнӣ ва зеҳнии пайдоиши давлатҳои маҳаллиро баъди салтанати тўлонии арабҳо дар сарзамини тоҷикон бо тамоми қонуниятҳояш маънидод намояд. Донистани тапу харошҳои зиёд, бунёд намудани системаи давлатдории Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғуриёну дигарон бо номи давлатдории Тоҷикон ба маънои томаш ҳиссиёти меҳанпарастиро баланд хоҳад намуд. Сабабҳои дилхароши шикасти давлати пуриқтидори Сомониён дили ҳар фарди тоҷикро ба сўз хоҳад овард. Агар ҳамаи ин ҳаводиси таърихиро кас нахонаду надонад, бо кадом роҳ меҳаншиносу меҳандўст хоҳад шуд?. Нўъмон Неъматов гуфта буд, ки «Дар таърихи Осиёи Миёна, асрҳои IX-X асрҳои ниҳоят бо эътибору пурсамар мебошанд» [4, с.
254]. Зеро, ки маҳз дар ҳамин асрҳо аҷдодони гузаштаи мо ба тамоми илму адабиёти дунё асос гузошта буданд. Агар арабону туркон бо таҷовузкориашон «шўҳрат» пайдо карда бошанд, тоҷикон бо ободкориҳояшону кашфиёту ихтироъҳои волои илмию адабиёташон машҳури ҷаҳонанд.

пешина
аз 162
навбатӣ