Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

МУАММО ВА ДАСТОВАРДҲОИ ЭКСПЕДИТСИЯИ
БОСТОНШИНОСИИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН

Дар даҳсолаҳои охирини замони шўравӣ дар ҳудуди Тоҷикистон се экспедитсияи археологӣ фаъолият мекарданд, ки яке аз онҳо Экспедитсияи бостоншиносии комплексии шимоли Тоҷикистон (ЭБКШТ) буд, ки он фаъолияти мунтазами хешро аз соли 1974 оғоз бахшидааст [5, 313-329]. Ба экспедитсияи номбурда, асосан кормандони шуъбаи Таърихи маданияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ шомил буданд.
Нуққоти таҳқиқи ЭБКШТ асосан дар қаламрави шаҳру деҳкадаҳои вилояти Суғд ҷараён дошт ва бостоншиносон бо ҳафриёти ёдгориҳои археологӣ ва осори дигари маданияти қадимаи вилоятҳои таърихии Хуҷанд, Илоқ, Истаравшан ва ҳам Фарғонаи Ғарбӣ сару кор доштанд.
Аз давраи ташкили экспедитсия дар соли 1974 то соли 1991 дар раванди асосии кори бостоншиносон чунин масоил пешрафт дошт:
а) масоили замони асри биринҷӣ ва ибтидои асри оҳани аҳолии муқимӣ ва кўчманчии Фарғонаи Ғарбӣ; б) таҳқиқи номи маҳалҳои таърихӣ (топонимика) ва ҷой ба ҷой гузоштани онҳо; шакли иқтисодӣ ва маданияти моддии шаҳрҳои қадимаи Хуҷанду Истаравшан; в) масоили мубрами ёдгориҳои санъати тасвирӣ, ақоиди динӣ ва расму русумҳои халқӣ; г) навъҳои ёдгориҳои моддӣ, меъмории суннатӣ ва динӣ; д) навъҳои истеҳкомҳои ҳарбӣ [3, 15; 5, 320; 6, 277].
Вобаста ба ин ва дигар масоилҳои илмӣ, олимони ЭБКШТ дар солҳои 70-90-уми асри ХХ басо меҳнати зиёдеро ба харҷ доданд то ин, ки кулли ёдгориҳои мухталифи таърихии кишвар ба пуррагӣ мавзўи таҳқиқ қарор дошта бошанд. Масалан, таҳқиқи давраи асри санг ба Н. А. Москаленко ва В. А. Жуков, обидаҳои замони сакоӣ, инчунин, қурғонҳо, қурумҳо ва муғхонаҳо ва ҳам нақшҳои рўи санги кўҳҳои Мевағул ва Қурама ба зиммаи Е. Д. Салтовская ва О. В.
Панфилов, бошишгоҳҳо, харобаи шаҳракҳои ибтидои асри оҳан ва масоили мубрами шаҳру шаҳракҳои замони оҳан ба зиммаи Н.
Неъматов, У. Пулодов, А. Мирбобоев, Е. Салтовская, Т. Беляева, Р.
Афзалов, П. Самойлик, А. Маняхина, Н. Раҳимов, А. Ҳолиқӣ, осори дафнгоҳҳои қадима ба зиммаи А. Мирбобоев, В. Ҷумаев, қалъаистеҳкомҳои охирҳои асри миёнагӣ ба зимаи С. Марофиев, ёдгориҳои обёрӣ ба зимаи А. Билолов ва У. Эшонқулов, масоили таърихи кулолгарӣ дар шаҳри Бунҷикат ва Ўротеппа ба зиммаи П.

пешина
аз 162
навбатӣ