Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Самойлик вогузор шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар фаъолияти кории ЭБКШТ донишмандони варзидаи таърихи меъморӣ аз ҷумла С. Г. Хмелнитский, В. А.
Воронина, Р. С. Муқимов, С. Мамадҷонова ва дигарон мунтазам иштирок доштанд. Ба ҷумлаи бозёфтҳои тозаи ҳайъати ЭБКШТ дар бахши ёдгориҳои асри санг, ки солҳои 70-80-и асри ХХ дарёфт ва таҳқиқ шуданд, метавон истгоҳи асри санги Шаҳристонро, воқеъ дар маҳаллаи деҳи кўҳии Гургдара ва Яскак номбар кард, ки онҳо аз ҷониби В. Жуков таҳқиқ шуданд.
Ёдгориҳои замони асри биринҷӣ дар қаламрави вилояти таърихии Истаравшан нисбатан кам ба даст омаданд. Ба зумраи чунин ёдгорӣ метавон истгоҳи Чоршохатеппаро воқеъ дар 2,5 км самти шимоли-шарқии Шаҳристон номбар кард. Ин ёдгориро донишмандон ба нимаи дуюми ҳазораи II то милод нисбат додаанд.
Дар давоми ин солҳо ходимони илмии ЭБКШТ тавонистанд, нисбатан ба пуррагӣ ёдгориҳои асри оҳани шимоли Тоҷикистонро таҳқиқ намоянд (қурғонхои Дашти Ашт, Нуртеппа, Хуҷанд, Ширин).
Яке аз масоили хеле мубрами таърихи Осиёи Марказӣ ин робита ва ҳампайвастагии қабоили кўчии кишвар бо аҳолии муқимии шаҳрӣ аст. Дар қадим ҳавзаи рўди Сир маҳалли робита бо кўчиёни соҳили рости рўди Сир қарор дошт.
Солҳои 70-80-ми асри ХХ давраи босуботи ҳафриёти ёдгориҳои қабоили кўчии кишвар ба шумор мераванд. Дар натиҷаи ин корҳо ходимони ЭБКШТ маводҳои хеле зиёд ва нодирро доир ба маданияти қавмҳои кўчию нимкўчии ҳавзаи миёноби рўди Сири аҳди антиқа ва асрҳои миёнаро ба даст дароварданд. Е.Салтовская ва У.Пўлодов даҳҳо иншоотҳои дафнӣ (қурғон, қурум, муғхонаҳо)-ро дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан ва Фарғонаи Ғарбӣ (ноҳияҳои Исфара, Ашт ва Мастчоҳ) ҳафриёт намуданд, ки онҳо ба асрҳои I-VII милодӣ мансубият доранд. Маводҳои ба дастоварда барои ташаккул ва этногенези халқи тоҷик ва фарҳанги он арзиши хуби илмӣ доранд.
Дар ҷараёни ҳафриёти ёдгориҳои қабоили кўчӣ возеҳ муайян шуд, ки равобити иқтисодии байни аҳолии кўчӣ ва аҳолии муқимии шаҳрӣ хусусияти мунтазам дошта, кулли самтҳои ҳаёти иқтисодиро фарогирӣ мекард.
Гурўҳи бошишгоҳҳо, ки дар марзи воҳа қарор доштанд, ба истеҳсоли лавозимоти барои мардуми кўчӣ ниёз дошта, тахассус пайдо карда буданд. Солҳои 70-уми асри ХХ пас аз босуръат оғоз ёфтани фаъолияти ҳамаҷонибаи ЭБКШТ, масъалаи ба миён омадани марказҳои шаҳрӣ дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ба миён омад. Ин масоили андаке бармаҳал дар гурўҳи манотиқи Осиёи Миёна, бахусус дар Самарқанд, Бухоро, Марв ҳалли худро пайдо карда буд. Дар Тоҷикистон шимолӣ низ ин масоил мебоист ҳалли худро пайдо мекард.

пешина
аз 162
навбатӣ