Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  1. Қариб кулли шаҳрҳо маркази ҳунармандӣ, тиҷорат ва фарҳанг буданд. Тиҷорат хусусияти байналмиллиро касб кард.
  2. Омўзиши шаҳри Хуҷанд нишонаҳои шаҳраки асрҳои VIII-IV-и т.м. ва осори шаҳри калони антиқиро ошкор сохт. Маводҳои ба даст омада холисона аз он башорат доданд, ки шаҳри «Исканадарияи Канора» маҳз ҳамин шаҳри имрўзаи Хуҷанд аст. Ба ин васила ба баҳсҳои доманадор хотима дода шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои бостонӣ маданияти моддии замони вусто кашф гардида имконияти омўзиши табақабандии қабатҳои мадании шаҳри Хуҷанд барои ҳамаи давраҳои фаъолияти он ба даст омад.
  3. Кашфиётҳои маданияти замони таърихи ибтидои асримиёнагии Истаравшан, бахусус пойтахти он шаҳри Бунҷикат, ки он ганҷи осори санъат ва фарҳанг аст, аҳамияти хоса дорад. Дар ин кохи шоҳӣ бостошиносон нодиртарин осори меъморӣ ва санъат, аз он ҷумла, қоши дар, «тасвири модагург, ки ба ду писарчаи навзод шир медиҳад», осори кўшкҳои сершумор, намунаҳои олии санъати деворнигорӣ, толорҳои сершумор, манзили истироҳат ва долонҳои сершумор, ки онҳо дар маҷмўъ қасри афшинҳои Истаравшанро бо дигар мўъҷизоти ҷаҳон дар як сатҳ мегузорад.
  4. Аз ҷумлаи дигар дастовардҳои ЭБКШТ кашфи шаҳраки қадимаи Нуртеппа дар маҳалли истироҳатгоҳи Хавотоғ аст, ки он дар асрхои VIII-VI то замони милод рў ба ҳастӣ овардааст. Ин ёдгорӣ аз ҷумлаи кадимтарин обидаҳои минтақаи шимоли Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
  5. Дарёфтан ва ҳафриёти нодиртарин дахмакҳои сарикўҳӣ дар маҳалли харобаи Ширини деҳи Куркат низ аз ҷумлаи нодиртарин кашфиётҳои солҳои 70-ми ЭБКШТ маҳсуб меёбад. Аз 9 адад дахмакҳои дарёфт гардида, зиёда аз 700 косахонаи сари одам ва ҳам ҳазорҳо маснуоти зеби мардонаю занона, ки аз тилло, нуқра ва биринҷ омода гаштаанд, ба даст омаданд. Аз дохили дахмакҳо инчунин чанд адад танбар (оссуария), тангаҳои сершумор ва як адад тангаи зарби давлати Чин, ки бо номи « у – шу» маъруф аст ва ҳам осори дигар ба даст омаданд. Шумораи умумии дахмакҳо наздик ба 20-25 адад мерасанд.
  6. Кашфи чанд ҳазор нақши рўи санг дар кўҳҳои Қаромазор низ аз кашфиётҳои нодиртарини бостоншиносони ЭБКШТ маҳсуб меёбад.
    Дар ин нигораҳо ҳаёти қабоили қадимаи сакоиёни чорводори ҳавзаи соҳили рости рўди Сир тасвир шудаанд. Ин наққошиҳоро метавон «Осорхона дар зери гунбад» номид. Моҳияти таърихӣ ва фарҳангии ин намунаи санъат ҳоло мавзўи таҳқиқ қарор наёфтааст. Вале, умед аст, ки бо ҳафриёти тамоми қабристонҳои сакоии ин маҳал, ки онҳо бешубҳа моли қабоили сакоии ҳавзаи рўди миёноби Сир мебошанд, ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
пешина
аз 162
навбатӣ