70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Зери роҳбарии ин марди оқил ва кордон илми тоҷик, бахусус таърих ва бостоншиносӣ, хеле нумў кард. Илми бостоншиносии тоҷик маъруфи ҷаҳон шуд. Зери роҳбарии академик Н. Неъматов раванди таърих ва фарҳанги қавму қабоили сершумори Шимоли Тоҷикистон таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷониба пайдо кард. Зинаҳои пайдоиш ва инкишофи таърихии қабоили қадими ҳавзаи рўди Сир, ки онҳо дар қадим ба ҳайатҳои таърихию-фарҳангии Суғди қадим ва Давон ва ҳам Истаравшан, Хуҷанд, Фарғона ва Чочу Илоқ (дар асрҳои миёна) дохил буданд, тадқиқи илмии худро дарёфт карданд.
Дар фосилаи зиёда аз ним аср дар ҳудуди Шимоли Тоҷикистон кашфиётҳои нодиртарини бостоншиносию таърихшиносӣ ба анҷом расиданд. Ин кашфиётҳо давраҳои мухталифи таърихро аз замони асри санг то ибтидои асри миёна фарогирӣ намуданд. Дар ин кашфиётҳои нодир саҳми Н. Неъматов, У. Пўлодов, Е. Салтовская, А.
Мирбобоев, Т. Беляева, А. Билолов, Н. Раҳимов ва дигарҳо басо нишонрас аст.
Маводҳои бостонӣ равшан карданд, ки маданияти моддӣ ва фарҳангии аҳолии қадимаи ҳавзаи рўди Сир басо бисёрҷабҳа буданд. Алоқаи маданияти кишоварзӣ ва чорводорӣ омилҳои муҳимтарини рушд ва ташаккули фарҳанги воло будааст. Маҳз бо шарофати ҳафриёти бостоншиносон А. П. Окладников, Б. А. Литвинский ва В. А. Ранов маданияти қадимаи аҳолии Кайроққум, ки дар фаъолияти рузмарраи онҳо истеҳсоли маъдан гудохт ва ҳам коркарди он ба шакли табарҳои аълосифати биринҷӣ мақоми арзишманд дошт, муқаррар гардид. Бо ин кашфиёт, дар як вакт таърихи пайдоиши марказҳои истеҳсоли маъдан, робитаи байни аҳолии шаҳраку аҳолии деҳаҳои атрофи он ва инчунин русуми дафн ва масоили дигар ҳалли худро пайдо карданд.
Ба ин муносибат зарурияти муқаррар кардани самтҳои асосии дастовардҳои ЭБКШТ, ки онро дар як сатҳ метавон бо комёбиҳо ва масоили умдаи тамаддуни ҷаҳонӣ гузошт, ба миён омад, ки онҳо чунинанд:
- Амиқ намудани қадимтарин истгоҳи асри санг, ки замони дар Шимоли Тоҷикистон сукунат доштани одамонро бошарат медиҳад.
- Бо кашфиётҳои раднопазир собит гардид, ки ҳудуди Шимоли Тоҷикистон ҳамон мавзее аст, ки дар хоки он маданияти Қайроққум шакл гирифт ва ҳам маҳалли бархурди қабоили чорводорӣ ва кишоварзӣ қарор дорад.
- Пажуҳишҳои ҷараёни шаҳришавӣ (урбанизация) ва ҳам раванди ҷараёни муқимшавӣ ва шаҳрнишинӣ аз нимаи аввали ҳазораи якуми то замони милод шурўъ гардид. Маҳз дар ҳазорсолаи номбурда суннатҳои ба худ хоси шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинӣ дар ин шакл гирифтанд..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё