70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Чунин интихоби олим на бо амри тасодуф, балки аз эҳсоси зарурати равшангарии таърихи ин диёри кўҳистони тоҷик бармеомад.
Дар ин минтақаи баландкўҳ, ки аз замонҳои хеле қадим тоҷикон сукунати доимӣ доштанд, муносибатҳои патриархалию қонуниятҳои барои парокандагии феодалӣ хос, то миёнаҳои асри XIX хеле устувор монда буданд. Мушкилоти ҷуғрофию табиӣ барои дар солномаҳо мақоми нисбатан равшан пайдо кардани диёр имкон намедод.
Доир ба ин мулкҳои дар тамоми давраи асримиёнагӣ мустақилияти худро нигоҳ дошта, ба ҷуз аз маълумоти парокандаи ҷуғрофияшиносон ва саёҳони асримиёнагӣ, дар адабиёти таърихӣ гузориши муфассалтаре ба назар намерасид. Ҳатто дар миёнаи асри XIX дар аморати Бухоро оид ба ҳаёти сиёсӣ ва вазъи иқтисодию иҷтимоии мулкҳои Бухорои Шарқӣ ва Помир маълумоти равшане надоштанд.
Торафт бештар ҷамъоварӣ шудани маводи барои тадқиқот зарурӣ, олимро ба хулосае овард, ки ҳамин давраи таърихии Бухорои Шарқӣ ва Помирро ба ҳайси рисолаи докторӣ интихоб намояд.
Ҳангоми таҳсил дар докторантура (солҳои 1956-1958) дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС Баҳодур Искандаров тамоми қувваро барои ҷамъ овардани маводи маъхазӣ ва ба анҷом расондани рисолаи докторӣ сарф мекард. Ҳамзамон барои ба чоп расондани рисолаҳои илмӣ талош меварзид. Авалин дастоварди назарраси ў дар ин ҷода аз чоп баромадани асарҳои олим «Аз таърихи аморати Бухоро: (Бухорои шарқӣ ва Помири Ғарбӣ дар охири асри XIX)» ва «Доир ба баъзе дигаргуниҳо дар иқтисодиёти Бухорои Шарқӣ дар ҳадди асрҳои XIX-XX», ки аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд, ҳисоб меёбад.
Соли 1958 Баҳодур Искандаров рисолаи докториаш «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар сеяки охири асри XIX»-ро дар Институти шарқшиносии АИ ИҶШС дифоъ намуд. Ин худ падидаи хеле назарраси илмӣ, дар таърихнигории тоҷик ҳисоб меёфт.
Баъди ба Тоҷикистон баргаштан, Баҳодур Искандаров бо ҳамон ғайрати бурдборона дар рушди илмии Институт мақоми хосса ишғол намуд.
Аз равнақи эътибору эътирофи Баҳодур Искандаров чунин далел шаҳодат медиҳад, ки соли 1962 сарварии Институтро ба зиммааш гузоштанд. Дар ин вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятталаб олим то соли 1988 бенуқсон кору фаъолият намуда, санъати баланди роҳбарӣ нишон додааст.
Давраи сарварии институтро ба ўҳда доштани Б. Искандаров, дарвоқеъ давраи рушди ҳамаҷонибаи ин маркази муайянкунандаи илми тарихи ҷумҳурӣ ҳисоб меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё