Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Маҳз дар ҳамин давра аввалин тадқиқоти ниҳоят бунёдӣ «Таърихи халқи халқи тоҷик дар се ҷилду панҷ китоб дар Нашриёти адабиёти Шарқи ш. Москва солҳои 1963- 1965 рўи чоп омад, ки он самараи заҳмати Б. Ғафуров, Б. Искандаров, Б. А. Литвинский, Е. А. Давидович, А. М. Мухторов, Н. Неъматов ва дигар олимони ҷумҳурӣ буда, дастоварди баландтарини таърихнигории миллӣ, ҳисоб мешуд. Арзиши илмии тадқиқотро таъкид намуда, Б. Искандаров ба таври воқеъбинона ба он чунин баҳо додааст: «Бори аввал дар асоси маводи хеле бой, таърихи чандинасраи халқи тоҷик, ки яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Миёна мебошад, равшан инъикос шуда буд. Бори аввал натиҷаи тадқиқотҳои бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, забоншиносӣ ва дастнависҳои нодири маҳфузмонда барои пурра равшанӣ андохтан ба давраҳои қадим ва асрҳои миёнаи таърихи халқи тоҷик фаровон истифода бурда шуданд. Дар саросари китоб бо хатти сурх ишора мерафт, ки тоҷикон дар тўли тамоми таърии бисёрасраи худ бо дигар халқҳои Осиёи Миёна иртиботи ногусастанӣ доштанд. Дар «Таърих» (чун дар дигар асарҳо) фикрҳои қолабии барои таърихнигорони хоричӣ хос буда, ки асолати таъриху маданияти халқҳои Осиёи Миёнаро инкор мекарданд, қатъиян рад карда шуданд»1.
Даҳҳо тадқиқоти арзишманди илмӣ, ки дар замони роҳбарии институтро ба зимма доштани Б. Искандаров эҷод шудаанд, худ таҳлили доманадори тарихнигориро тақозо доранд. Олим ин дастовардҳои институтро хоксорона натиҷаи саҳмгузории беминнати ходимони илмии он ҳисоб карда, худро чун ҷузъии қатории он эҳсос мекард. «Ман аз он ифтихормандам, – қайд намудааст ў, – ки ба чунини коллективи хуб сарварӣ мекардам, барои ноил шудан ба ин дастовардҳо чизеро дареғ намедоштам... Ҳамчунин басо хушбахтам, ки корҳои илмӣ ва фаъолияти илмӣ-ташкилотчигиам сазовори эътирофи олимон ва аҳли васеи ҷомеа гардиданд. Ҳамчунин ман басо хушбахтам, ки корҳои илмӣ ва фаъолияти илмӣ-ташкилотчигиам сазовори эътирофи олимон ва аҳли васеи ҷомеа гардиданд»2. Ин эътироф дар интихоб шудани олим ба узвияти вобаста (с.1966) ва пайвастаи (1973) АИ Тоҷикистон (феълан АМИТ), мушарраф гардидан ба ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1971) ва ғайра ба назар мерасад.
Ба мушкилоти маъмуриятчигӣ, вазифаю супоришҳои зиёди ҷамъиятӣ нигоҳ накарда, Б. Искандаров дар ҳама ҳолат рисолати олимиро ба мадди аввал мегузошт. Мавқеи пешсафиро дар таълифу ба чоп расонидани рисолаҳо, нашри мақолоти зиёди илмӣ ва илмию

1 Искандаров Б. Роҳи душвори диёри дониш. –Душанбе: «Дониш», 2021. С.159.
2 Дар ҳамон ҷо. – С. 162.

пешина
аз 162
навбатӣ