Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

оммавӣ нигоҳ доштанаш, худ гувоҳи бартарии касбии ин сарвари муассисаи илмӣ мебошад.
Мақолаҳои зиёд ва чанд рисолаи аз рўи банду басти илмӣ ниҳоят қавии дар охири солҳои 50 ва нимаи аввали солҳои 60-уми асри гузашта, рўи чоп дидаи олим, ки ғолибан ба воқеияти таърихии Бухорои Шарқӣ ва Помири нимаи дуввуми қарни XIX- ибтидои асри XX бахшида шуда, аз ҷумла: «Бухорои Шарқӣ ва ва районҳои Помири Ғарбӣ дар ҳайата аморати Бухоро»1, «Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Бухорои Шарқӣ ва Помир дар арафаи ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Россия»2, «Шартномаи Англияю Руссияи соли 1895 оид ба Помир»3, «Тақсимбандии Англияю Русия соли 1872-1873»4, «Сар даровардани капитали рус ба ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон»5, «Ба Руссия ҳамроҳ шудани Помир ва аҳамияти прогрессивии он»6, «Аз таърихи ба Руссия ҳамроҳ кардани Помир»7, рисолаи «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар давраи ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Руссия»8, ниҳоят таҳқиқоти бунёдии олим «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX»9 ва ғайра дар таърихнигории миллӣ мақоми хоса гирифтаанд.
Дар рисолаи аввал олим вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии Бухори Шарқӣ ва Помир дар давраи ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро мавриди баррасӣ интихоб намуда, махсусан ба таҳлили сабабҳои ҳанўз мустаҳкам будани муносибатҳои патриархалӣ, истисмори

1 Искандаров Б. И. Дар ҳайати аморати Бухоро воқеъ будани Бухорои Шарқӣ ва районҳои ғарбии Помир//Маданияти Тоҷикистон. –1959. №2. –С.19-23.
2 Искандаров Б. И. Социально-экономический строй Восточной Бухары и Памира накануне присоединения Средней Ази к России//История СССР. –1959. №4. – 126-137.
3 Искандаров Б. И. Англо-русское соглашение 1895 г. о Памире//Труды Таджикского госуниверситета. –Т.27. Серия Ист. наук. –Вып.1. Вопросы истории
СССР. –1960. –С.125-154.
4 Искандаров Б.И. Англо-русское разграниченме 1872-1873 гг//Вопросы истории Таджикистана//Ученые записки Сталинабадского госпединститута им. Т. Г.
Шевченко. –Т.26. Серия общ. наук. Вып. 4. –Сталинабад,1961. –С.84-103.
5 Искандаров Б. И. Проникновение русского капитала в северные районы Таджикистана и Бухарского эмирата//Об особенностях империализма в России. –М.:
Изд-во АН СССР, 1863. –С.166-175.
6 Искандаров Б. И. Ба Россия ҳамроҳ шудани Помир ва аҳамияти прогрессивии он//Коммунисти Тоҷикистон. –1965. №8. –С.52-59.
7 Искандаров Б. И. Из истории Присоединения Памира к России//Крыша мира.
– Душанбе: Ирфон, 1965. -С.5-12.
8 Б.Искандаров. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. – Сталинабад: Таджикгосиздат. 1960. – 214 с.
9 Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. – Душанбе: Изд-во АН ТаджССР. Ч.I. 1962. – 356с.; ч. II. 1963. -352 с. Тадқиқоти мазкур боз дар ду барориш дар ҳаҷми як китоб рўи чоп дид. Ниг.: Искандаров Б.
Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. (Издание третье). – Душанбе: «Андалеб-Р», 2015. – 664 с.

пешина
аз 162
навбатӣ