Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аҳли заҳмат, хосатан системаи андозситонӣ ва дигар маҷбуриятҳои сабаби дар қашшоқии ниҳоӣ ба сар бурдани аҳолӣ ва дар ин замина суръат гирифтани норозигию ҷунбишҳои халқӣ мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Дар рисола муносибатҳои тарафайни Бадахшону мулкҳои Помири Ғарбӣ, ҳаёти сокинони Помири Шарқӣ, ҳамчунин вазъи давлатҳои ҳамҷавор – хонигарии Қўқанду Афғонистон ва ғайраро воқеъбинона таҳлил намудааст.
Ҷамъбасти умумии самтҳои асосии таҳқиқоти олим дар рисолаи бунёдасоси ў «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX», возеҳан ба назар мерасад. Дар ин таҳқиқоти ниҳоят қавии аз ду қисм иборат буда, тамоми ҷузъиёти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Бухорои Шарқӣ ва Помир ҳадафи таҳлил қарор ёфтааст. Ин худ аввалин падидаи ниҳоят назарраси илмӣ доир ба таърихи минтақа буда. дар таърихнигории миллӣ мақоми хосаеро соҳиб аст.
Дар китоби аввал диққати асосӣ ба раванди ҳамроҳкунии Бухорои Шарқӣ ба аморат дода шудааст. Дар он алалхусус муборизаи мулкҳои мустақилу ниммустақили Кўлоб, Ҳисор, Қаротегин ва Дарвоз ба муқобили ин амали забткоронаи амир, ки бо дастгирии бевоситаи генерал-губернатории Туркистон фон Кауфман сурат гирифта буд, воқеъбинона нишон дода шудааст. Муаллиф раванди воқеаҳоро доир ба аз тарафи Афғонистон ишғол кардани Бадахшон амали ваҳшиёнаи қўшуни он дар Помири Ғарбӣ ва дар ин амал даст доштани империализми Англияро хеле барҷаста ва ҳақиқатбинона инъикос намудааст. Дар ин қисми тадқиқот зиддияти байни Руссию Англия дар Помир, воқеоти марбут ба раванди ихтиёран ба Руссия ҳамроҳ шудани Помир ва ахиран сарҳадмуайянкунии расмии ин ду давлати абарқудрат дар Помир, соли 1895 ниҳоят дар маърази таҳлил қарор гирифтааст. Дар ҳамбастагӣ бо ҳодисоти минтақа, муаллиф вазъи мулкҳои зери таъсири Англия қарорёфтаи шимоли Ҳиндустон (князигариҳои Ҳиндукуш), Афғонистони шимолӣ сиёсати Чини худ дар ҳолати нимтобеъӣ қарор доштаро дар Помири Шарқӣ ва ғайра дар асоси далелҳои мўътамад кушода шудаанд. Хулоса, дар китоби аввал бештар масоили ҷанбаи сиёсӣ дошта, ҳаллу фасл шудааст.
Дар китоби дуюм, диққати асосӣ ба таҳлили вазъи иқтисодӣиҷтимоии Бухорои Шарқӣ ва Помир ё бо ибораи худи муаллиф, «ба ҷунбишҳои иқтисодии дар охири асри XIX арзи ҳастӣ пайдо карда»1, равона шудааст. Вале вобаста ба зарурати мантиқӣ, дар баъзе ҳолат, муаллиф далелу маъхазҳои ибтидои асри XX-ро пеш овардааст, ки ин ҳаргиз маънии аз доираи талаботи хронологӣ баромаданро на-

1 Б.Искандаров. Восточная Бухара и Памир во вторй половине XX в. Ч.II. –С.3.

пешина
аз 162
навбатӣ