70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
дошта, баръакс, хулосаҳои олимро доир ба масоили ҳадафи таҳлил қарорёфта, боз қавитар гардондааст.
Дарвоқеъ, худи номгўи бобҳо: «Бухорои Шарқӣ ва ноҳияҳои ғарбии Помир дар ҳайати аморати Бухоро. Шўриши Восеъ» ва «Тавлиди элементҳои капиталистӣ ва суръат гирифтани заминаҳои инқилобӣ» самтҳои таҳқиқу таҳлили муаллифро возеҳан муаян намудаанд.
Дар ин қисми рисола масоили марбут ба сохтори сиёсӣ-маъмурии Бухорои Шарқӣ баъди ҳамроҳ кардан ба аморат, системаи андозситонӣ, мунтазам авҷ гирифтани муборизаи иҷтимоӣ, шўриши Восеъ, муносибатҳои Бухорою Афғонистон, расман ҷузъи маъмурии аморати Бухоро эълон шудани Помири ғарбӣ, вале амалан ҷорӣ намудани идораи маъмурии Руссияи подшоҳӣ дар Помир, вазъи иқтисоди Бухорои Шарқӣ ва Помир дар охири асри XIX – ибтидои асри XX, ба минтақа сар даровардани капитали рус ва афзоиши муносибатҳои молӣ-пулӣ, ҷунбишҳои халқӣ ва ғайра ниҳоят воқеъбинона қарор ёфтаанд. Ҳамаи ин худ аз ниҳоят фарох будани доираи масоилӣ ҳадафи таҳлил қарорёфта дарак медиҳад.
Беҳуда нест, ки рўи чоп дидани чунин таҳқиқоти бунёдӣ дар ҳаёти илмию фарҳангии тоҷик чун падидаи хеле назаррас қабул гардид.
Баҳои аз тариқи матбуот ба хонандагон дастрас шудаи муқарризон ин далелро тасдиқ мекунад. Баъди чандин солҳо академик Баҳодур Искандаров нашри ин китобро ба хотир оварда, чунин изҳор доштааст: «Доир ба аҳамияти китобҳои ман, алалхусус ду китоби ахиран ба нашр расида (ҳарду қисми «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX»-ро дар назар дорад. – Ҳ. П.), хулоса баровардан бароям хеле мушкил аст. Ёд дорам, ки онҳо хеле тез дар байни хонандагон паҳн шуда, диққати муқарризонро ба худ ҷалб намуданд.
Наметавонам ба хизмати худ дар ин ҷода аз будаш зиёд баҳо диҳам, фақат ҳаминро иброз медорам, ки аввалин шуда маводи зиёдеро ба доираи илмӣ кашида, таърихи минтақаи то кунун аслан наомухтаро системанок қаламдод намудаам. Дар ҳар ҳолат, то рўи чоп дидани корҳои ман, таҳқиқоти нисбатан ҷиддиеро безаҳмат доир ба ин масъала пайдо кардан номумкин буд. Албатта, ман тамоми самтҳои ин масъаларо ба пуррагӣ ба доираи таҳлил кашида натавонистам. Онро таҳқиқотчиёни оянда сомон додаанд»1. Хулосаи олим дар ин бобат, аз баҳои ниҳоят хоксоронаи хеш дар ин ҷода беш буда наметавонад.
Ҳақиқат он аст, ки то ба имрўз дар ҷодаи таҳқиқи таърихи Бухорои Шарқӣ ва Помир, агар баъзе ҷузъиёти ба чанде аз хулосаҳои Баҳодур Искандаров зам шударо сарфи назар намоем, таҳқиқоти муқаммале, ки дар радифи ў ҷой гирифта тавонад, вуҷуд надорад. Баръакс
1 Искандаров Б. И. Трудный путь к знанию. – С.119-120.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё