Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тадқиқоти мутахассисини баъди устод ба табъ расонда, фақат ҷилои пешсафии ўро дар ин самт тасдиқ карда метавонад.
Бесабаб нест, ки хулосаҳои дар тақиқоти устод «Бухорои Шарқӣ ва Помир дар нимаи дуюми асри XIX» дар нашри пешин ва ҷадиди таҳқиқоти бунёдии «Таърихи халқи тоҷик»1, мақоми ҷиддӣ доранд.
Бо мурури дастрасӣ ба ахбороти хаттӣ дар саҳифаҳои васоити ахбор, маҷаллаю маҷмўаҳои илмӣ пайи ҳам мақолаҳои олим аз чоп мебаромаданд. Аз ҷумла, «Омўзиши Помир дар алоқамандӣ бо таърихи мамолики ҳамҷавор»2, «Тақдири таърихии халқҳои Помир»3, «Таърих гувоҳӣ медиҳад»4, «Аз таърихи халқҳои Помир»,5 «Мактаби русӣ дар Помир»6, «Табибони рус дар Помир»,7 «Қаллобӣ дар таърихи нав ва навтарини Помири Шарқӣ аз тарафи маоистон»8, «Вазъи сиёсӣ-маъмурӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии Помир дар арафаи
Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр»,9 «Ба Русия ҳамроҳ шудани Помир ва аҳамияти прогрессивии он»10 ва ғайра гувоҳи заҳмати мутассили олим дар омўзиши самтҳои гуногуни масоили марбут ба Бухорои Шарқӣ ва Помир мебошад.
Кўшиши омўзиши бисёрсамтаи таърихи Помиру Бадахшон олимро ба хулосае овард, ки бе таҳлили амиқи таърихии мулку давлатҳои ҳамҷавор ин иқдом бенатиҷа хоҳад анҷомид. Аз ин рў, ба ниҳоят

1 Ниг.: История таджикского народа (в трёх томах пяти книгах). Т.II (кн.2). – М., 1964; История таджикского народа (в шести томах). Т.IV. – Душанбе: Дониш, 2010.
2 Искандаров Б.И. Изучение Памира в связи с историей сопредельных стран во второй половине XIX в//Изв. АН Тадж. ССР. Отд. общ. наук. 1966. №4(46). – С.28- 39.
3 Искандаров Б.И. Тақдири таърихии халқҳои Помир//Бадахшона Советӣ. – 1968. -17 ноябр.
4 Искандаров Б.И. Таърих гувоҳӣ медиҳад//Бадахшони Советӣ. –1969. –21, 28 сентябр, 1, 10 октябр.
5 Искандаров Б. И. Из истории народов Памира//Проблемы Дальнего Востока.
1973. №1. – С.129-135.
6 Искандаров Б. И., Юсупов Ш. Т. Русская школа на Памире//Изв. АН ТаджССР. Отд.общ. наук. 1976. №2(84). С.14-19.
7 Искандаров Б. И., Юсупов Ш. Т. Русские врачи на Памире//Изв. АН Тадж.
ССР. Отд. общ. наук. 1976. №3(85). – С.34-40.
8 Искандаров Б. И. Маоистские фальсификации новой и новейшей истори Восточного Памира//Актуальные проблемы борьбы с маоистскими фальсификациями в области истории (Материалы конференции). -М.,1979. – С.248-263; Ҳамчунин ниг.: Искандаров Б. И. Шовинизми бузургдавлатӣ – асоси сиёсати маоизм// Тоҷикистони Советӣ. 1974. – 6 август.
9 Искандаров Б., Юсупов Ш. Политико-административное и социальноэкономическое положение Памира накануне Великой Октябрьской социалистической революции//Очерки по истории Советского Бадахшана. –Душанбе: Ирфон, 1981. – С.53-79.
10 Б. И. Искандаров, Юсупов Ш. Ю. Присоединение Памира к России и его прогрессивное значение//Очерки Советского Бадахшана. – Душанбе: Ирфон, 1981.
– С.35-52.

пешина
аз 162
навбатӣ