70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
кам будани маводҳои маъхазӣ нигоҳ накарда, ў ба таҳқиқи таърихи Ҳиндукуш оғоз намуд. Натиҷаи ин заҳмати олим дар китоби «Ҳиндукуш дар нимаи дуввуми асри XIX» (Москва, 1968) ҷамъбаст гардид.
Дар ин рисола, муҳаққиқ бештар ба таърихи охири асримиёнагӣ ва нави мулкҳои кучаки дар қисми шимолии субконтиненти Ҳинд ҷой дошта, аз ҷумла: Хунз, Ноҳар (хонигарии Кунҷут), Кофиристон, Читрол, ва ғайра диққат дода, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, муносибатҳои таърихии савдоӣ ва фарҳангии ин ҳавзаро бо Помиру Бадахшон муайян намудааст. Баҳодур Искандаров, аз тадқиқгарон аввалин шуда, вазъи сиёсию иқтисодӣ ва дар ҳамбастагӣ бо ин раванди суръат гирифтани сиёсати мустамликадории Англияро дар минтақа возеҳ кушодааст. Олим вазъи мураккаби сиёсии минтақаро то ҳамроҳ шудани Помир ба Русия мавриди таҳлил қарор дода, дар ин ҳамбастагӣ истилои Кашмиру Ҳиндукушро аз тарафи Британияи Кабир ва авҷи зиддиятҳои ин империяи абарқудратро бо Руссия хеле воқеъбинона қаламдод намудааст.
Бояд қайд кард, ки ба ҳамаи арзишмандии худ дар ин ҷода нигоҳ накарда, «Ҳиндукуш» ба нақшаи пешбинишудаи муаллиф ҷавобгў буда натавонист. Баъди се даҳсола олим таълифи китобро ба ёд оварда, бо таассуф навиштааст: «Дастнависи аввалаи китоб дар ҳаҷми хеле калонтар тайёр шуда буд, вале бо як қатор сабабҳо (шояд аз диди сиёсию дипломатии барои замона хос бошад. – Ҳ.П.), онро ниҳояд зиёд ихтисор намуданд. Афсўс, ки дар таълифи он заҳмати зиёде ба харҷ дода будам…»1. Олим худро бо он таскин медод, ки ҳарчанд ин китоб дар ҳаҷми таълифнамуда, чоп нашуда бошад, ҳам, аз тарафи хонандагон чун таҳқиқоти ҷиддӣ эътироф гардид. «Гарчи,
– қайд намудааст, муаллиф, – китоб ҳаҷман хурд рўи чоп дида бошад ҳам, мавзўи дар маърази таҳқиқ қарор ёфта хеле муҳим буда, аз тарафи хонандагон хуш пазируфтаю ба тезӣ паҳн гардид».2 Таҳқиқоти навбатӣ, «Бухоро (1918-1920)», гарчанде хеле пештар, ҳангоми акнун ба арсаи илм ҷиддан ворид гардидани академики оянда, ба чоп тайёр шуда бошад ҳам, вале бо тағйироту иловаҳои зиёде фақат соли 1970 нашр гардид.
Китоби соли 1974 рўи чоп дидаи Баҳодур Искандаров «Аз таърихи Тоҷикистони тоинқилобӣ» аз ҷиҳати мўҳтавои таърихнигорӣ хеле ҷолиб таълиф шудааст. Дар он муаллиф ба хизмати тадқиқотчиёни тоинқилобии рус дар омўзиши Тоҷикистони тоинқилобӣ Помир баҳои воқеъбинона дода, дар ин радиф омилҳои асосии ба Руссия ҳамроҳ шудани Помирро таҳлил намудааст, ки ин аз ҷиддияти тадқиқот гувоҳӣ медиҳад.
1 Искандаров Б. И. Трудный путь к знанию. – С.120.
2 Ҳамон ҷо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё