70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Рисолаи соли 1976 ба дасти хонандагон расидаи олим, «Аз таърихи ворид гардидани муносибатҳои капиталистӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистони тоинқилобӣ», низ дар асоси маводи маъхазии Бухорои Шарқӣ ва Помир таълиф шудааст. Таҳкурсии ҷиддии ин китобро муаллиф ҳанўз дар рисолаи соли 1958 нашр шудааш – «Доир ба як қатор таъғйиротҳо дар иқтисодиёти Бухоро Шарқӣ» гузошта буд.
Вале бо мурури ба даст омадани далелҳои нав, алалхусус доир ба ҳаёти иқтисодии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон дар охири асри XIX – ибтидои асри XX ва хулосаҳои тозаи мутахассисин, олим аз нав ба сари ин масъала омаданро зарур шуморидааст. Аз мантиқи умумии кор бармеояд, ки қарори муаллиф дурусту саривақтӣ будааст.
Натиҷаи заҳмати ояндаи олим рисолаи «Ҷанбаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии таърихи мулкҳои Помир (асрҳои X– нимаи аввали XIX)», ки соли 1983 ба чоп расидааст, ҳисоб меёбад. «Ин давраи тўлонӣ, – баъдан қайд намудааст муаллиф, – аз тарафи муаррихони ватанӣ пурра ва системанок омўхта нашудааст. Маъхазҳои ҳақиқатро ифодакунанда, алалхусус манбаъҳои хаттии доир ба таърихи ин мулкҳо (хосатан давраи нисбатан қадим) маълумотдиҳанда, хеле каманд. Аз ин рў, ман бештар ба маводи нав ба даст овардаи бостоншиносон, мутахассисони мардумшиносӣ ва забоншиносӣ такя кардам. Дар рисола ҳамчунин хулосаҳои аз маводи дар таҳқиқоти олимони русу аврупои ғарбӣ, алалхусус ба асри XIX ва давраи баъди ҳамроҳ намудани Осиёи Миёна ба Руссия бардоштаамро ворид намудам».
Рисола аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он бори нахуст таърихи асримиёнагии ҳам Помири Ғарбӣ ва ҳам Помири Шарқӣ мавриди таҳлили бисёрсамта қарор ёфтааст. Дар он маълумоти зиёде, доир ба қирғизҳо, аз ҳаёту фаъолияти сокинони асили диёр – тоҷикони Помири Ғарбӣ – Вахон, Ишкошим, Шуғнон, Рўшон, Язгулом, Ванҷ ва Дарвоз оварда шудааст.
Мушкилоти баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба сари мардуми ҷумҳурӣ омада, алалхусус ҷанги шаҳрвандӣ, танқисии иқтисодӣ ва ғайра барои академик Баҳодур Искандаров, ки дар ҳаёт ба чунин мушкилот борҳо рў ба рў гашта буд, монеаи касбӣ шуда натавонистанд. Соли 1993 ў таҳқиқоти хеле ҷиддӣ, ки натиҷаи хулосаҳои тўлониаш гашта буд, «Осиёи Миёна ва Ҳиндустон»-ро анҷом дода, аз чоп баровард, ки то андозае давоми мантиқии рисолаи дар боло ишора гардида – «Ҳиндукуш» ҳисоб меёфт.
Рисолаи соли 1996 ба табъ расидаи академик Баҳодур Искандаров «Таърихи Помир»1 ҳамин рисолати ҷамъбастиро дорад. Дар он муал-
1 История Памира: в связи с изучением сопредельных стран (Исторический и этнографический обзор. – Хорог: Мерос, 1996. – 186 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё