Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

лиф фазои ҳадафи марказии таҳқиқот қарорёфтаро ниҳоят васеъ намудааст. Китоб қариб ҳамаи зинаҳои таърихи Помир ва Бадахшон аз замонҳои қадим то давраи навтаринро мухтасаран дар бар гирифтааст. Дар он бо як пайдарҳамии мантиқӣ, муҳимтарин саҳифаҳои таърихи тоҷикони кўҳистон, ки ҳам барои мутахассисон ва ҳам барои хонандаи қаторӣ хеле ҷолибанд, мавриди таҳлил қарор ёфтаанд.
Натиҷаи омўзиши тўлонии хешро олим дар ҷода бо чунин хулоса пеш овардааст: «Дар маҷмўъ қисмати таърихии Бадахшон ба дигар мамолики кўҳистони Осиёи Миёна шабоҳат дорад. Мушкилоти роҳ барои ғосибон, табиати аз ҷиҳати боигарӣ диққатҷалбнакунандаю хароб, то рў ба рў шудан бо яроқи аврупоӣ, бо таъсири дурандешонаи аврупоиён, ки ба онҳо дар маҷмўъ барои табадуллоти мардумшиносӣ лозим буд, сокинони минтақа мустақилияти мулкии ибтидоии худро нигоҳ дошта, хеле кам фиребу қассосгириро ба кор мебурданд. Ҳарчанд бо ин вазъи дар боло зикрёфта пурра розӣ шудан мумкин набошад ҳам, қисмати аҳолии Бадахшон ба қисмати аҳолии Кўлобу Балҷувон, Қаротегину Дарвоз ва дигар мулкҳои кўҳии Осиёи монанд буд1.
Тибқи далелҳои олим оварда, Бадахшон аз замони қадим сар карда, дар тўли тамоми асрҳои миёна, то ин ё он дараҷа бо тамоми Осиёи Марказӣ ва давлатҳои бузурги ҳамҷавори он алоқаи тиҷоратӣ ва фарҳангиро нигоҳ медошт. Ҳанўз аз асрҳои XV-XVI сар карда, аврупоиён «то рафт бештар оид ба ин ҷойҳо, ки дар гузаштаи дур роҳи корвон мегузашт, маълумот мегирифтанд»2. Саёҳони аз ин минтақа гузашта, Марко Поло, Гоэс, Барне ва дигаронро ёдовар шуда, устод дараҷаи маълумоти кофӣ доштани онҳоро доир ба роҳҳои тиҷоратию бойгарии ин минтақа муайян намудааст.
Барои тасдиқи хулосаи худ аз хусуси бойигарии табии минтақа, муаллиф чунин хулосаи донишманди асри XVII Бухоро Маҳмуд ибн Валиро доир ба Бадахшон ё Тахористон овардааст, ки тибқи он дар мамлакат «канданиҳои зиёди тилло, нуқра, ёқут, мис, қўрғошим, оҳан, ақиқ, булўри кўҳӣ, лаъл ва ғайра»3 хеле зиёд будааст. Ба ин бойгарӣ соҳибдавлатони ҳамсоякишварҳои нисбатан пурқувват бо чашми бетафовут нигоҳ карда наметавонистанд.
Олим доир ба кўшишҳои зиёди Шайбонихон барои ғасби ин диёр маълумот оварда, айни замон муқовимати шадиди халқро дар мисоли шўриши соли 1505, ки сабаби шикасти истилогарон гаштааст, хеле барҷаста нишон медиҳад.
Баъди барқарор гардидани ҳокимияти намояндаи охирини сулолаи темуриён Зоҳируддин Бобур дар Афғонистон (1526-1550), барои ишғоли тахт ба Бадахшон бародари Бобур Нозир Мирзо даъват

1 Искандаров История Памира. – С.48-49.
2 Искандаров Б. И. История Памира. – С.47.
3 Ҳамон ҷо.

пешина
аз 162
навбатӣ