Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

карда шуд, ки то охири умр (1520) ҳокимиятдорӣ намудааст. Баъди он писарони Бобур – Ҳумоюн, Султон Саиди Қошқарӣ ва билохира Сулаймон, ки Толиқон, Кишм, Ишкошим ва Андробро дар даст дошт, соҳибҳукумат будаанд1.
Дар рисола раванди воқеаҳои муҳимми таърихӣ, ҷангу ҷидолҳои байни ҳамсоямулкҳо, кашмакашҳои дарбории ба давраи парокандагии феодалӣ хос буда, ахиран амалҳои ғосибонаи афғонҳо ки то давраи ба Руссия ҳамроҳ шудани Помир, ба сари халқ фоҷиаи зиёде оварда буданд, таҳлили хеле воқеъбинона ёфтаанд.
Ба баъзе нуқсӣ таҳрирӣ, ки аз тарафи муҳарриру масъулини чоп содир шудааст, нигоҳ накарда, аз рўи банду баст ва инъикоси мухтасари таърихи нисбатан пурраи Помир ин рисола дар таърихнигории ватанӣ мақоми назарас гирифтааст.
Академик Баҳодур Искандаров танҳо ба омўзиши таърихи қисми марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон, Помир ё Бадахшон маҳдуд нашудааст. Осори илмии аз худ боқигузоштаи ў доираи хеле васеи минтақаро фарогир аст. Ин зарурати таҳқиқи комили таърихнигориро пеш меорад. Фақат дар доираи чунин иқдом ба мавқеи ин муаррихи барҷаста ва соҳибравияи миллат баҳои воқеӣ додан мумкин аст.
Аз хизмати олим дар омўзиши таърихи кишвар ёдовар шуда, мо бояд аз мавқеи устувори устод доир ба мафҳуми «Помир», ки дар адабиёти ҷаҳонӣ мақоми воҳид гирифтааст, сарфи назар накунем.
Чӣ тавре маълум аст, охири солҳои 80 – нимаи аввали солҳои 90- уми асри гузашта, ҳангоми шиддат гирифтану даргириҳои сиёсӣ ва билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани ҷумҳурӣ, иддае аз олимтарошон таърихи шакл гирифтани мафҳуми ҷуғрофӣ ва ҳудуди классикии Помирро, ки аз тарафи сайёҳону ҷуғрофиядонон ва шарқшиносони русу аврупоӣ муайян шудааст, зери суол гузоштанд. Онҳо фаҳмиши ҷуғрофии Помир ва маъмурии Бадахшон бо ҳам муқобил гузошта, таъвам будани ин ду мафҳумро, ки ҳамдигарро пурра мекунанд, инкор мекарданд. Бо ибораи дигар ин бо ном мутахасисини аз таърих фарсахҳо дур, фаҳмиши ҷуғрофии Помирро бо Бадахшон муқобил гузошта онро фақат дар доираи Помиру Олой ё Помири Ғарбӣ маҳдуд карданӣ буданд2. Ҳол он, ки дар фаҳмиши умумии ҷуғрофӣ донишмандони соҳа Бадахшони дар ҳудуди Афғонистон бударо низ қисми таркибии (аз ҷиҳати ҷуғрофӣ) Помир мешиносанд.
Бо ин амали хеш онҳо нишондиҳандаҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ ва топонимию лингвистии ба илм ворид намудаи олимони русро, ки то имрўз чун ҳақиқати бебаҳс эътироф мешаванд, зери шубҳа гириф-

1 Ҳамон ҷо. – С.77.
2 Диди мо доир ба ин масъала қаблан пешниҳод шудааст. Ниг.: Пирумшоев Х.
Горный Бадахшан и Русский памирский пограничный отряд в конце XIX-начале
20 веков//Россия в исторических судьбах таджикского народа. -Душанбе: Шарқи озод, 1998. – С.112-113.

пешина
аз 162
навбатӣ