70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
танӣ шуданд. Баҳодур Искандаров ин тарзи муносибатро шадидан маҳкум карда, кўшиш ба харҷ медод, ки бо далелҳои раднопазир хулосаи кашшофони воқеии «Боми ҷаҳон»-ро боз қавитар гардонад.
Зери мафҳуми «Помир» олимони рус дар шимол қуллаҳои он тарафи Олой, дар шарқ – кўҳҳои Қошғар, дар ҷануб – доманакўҳҳои Ҳиндукуш, дар ғарб – ҳавзаи дарёи Панҷ, дар шимол – ҳавзаи дарёҳои Муксу ва Обихинговро чун ҳудуди ҷуғрофӣ дар назар доштанд.
Зимнан доираи ҷуғрофии Помиру Бадахшонро дар он фаҳмиши мантиқие, ки ба илм ворид гардидааст аз ҳамдигар ҷудо кардан ниҳоят мураккаб аст, чунки ин ду фаҳмиш бо ҳам чунон печидагие пайдо кардаанд, ки ҷудо кардани онҳо аз диди ҷуғрофӣ чун амали сунъӣ ва ноҷо ба назар мерасад. Вале аз нигоҳи сиёсию маъмурӣ Бадахшон бо дастгирии ғаразноки мустамликахоҳонаи Англия солҳои 70-уми асри XIX аз тарафи Афғонистон ғасб шуда, сипас тавассути шартномаи сарҳадмуайякунии байни Англияю Русия дар Помир соли 1895, қаламрави соҳиличапии дарёи Панҷи бекигарии Дарвоз ва дигар мулкҳои Помири Ғарбӣ ба таври сунъӣ ва иҷборӣ ба Афғонистон дода шуданд. Аз ин рў, бо назардошти маълумоти амиқи ҷуғрофӣ ба Помир мантиқан нишондиҳандаҳои ҷуғрофии Бадахшони дар қаламрави Афғонистон қарордошта низ иртиботи бевоситаи ҷуғрофӣ дорад.
Ҳамин тавр, ҳарчанд Помир масоҳати ҷуғрофии нисбатан васеътареро ишғол намояд ҳам, дар фаҳмиши кунунӣ, ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон эҳсос мешавад. Аз диди мо, ин тарзи муайян кардани ҳудуди ҷуғрофии Помир ба таҷдиди назари нав эҳтиёҷ надорад. Ба хусус, ки мафҳуми «Помир», фаҳмиши маъмурии ВМКБ-ро коҳиш надода, ба он ҳусни ҷолибтаре бахшидааст. Аз тарафи дигар, мафҳуми «Помир», дар эҳсоси Тоҷикистониён мояи ифтихор ва дар фаҳмиши ҷаҳониён чун рамзи минтақаи афсонавӣ, ки табиату сарвати ба он хос дар ҳолати азалиаш боқӣ мондааст, эҳсос мешавад. Ин моро водор месозад аз тадқиқгарони ба омўзиши илмии ин диёри кўҳӣ асос гузошта, ки ҳудуди ҷуғрофиашро дақиқан муайян карда, мавқеи ҷуғрофии онро ғолибан чун манбаи обӣ тамоми минтақа арзёбӣ намудаанд, мисли устод Баҳодур Искандаров сипосгузор бошем.
Рўи чоп дидани рисолаи охирин ва ҷамъбастии ин донишманди бесобиқаи диёр – «Таърихи Помир»1, мантиқан ҷавобест ба он «мутахассисоне», ки аз сабаби ноогоҳии таърихӣ, зарурати нигаҳдошти фаҳмиши ниҳоят ифтихорманду гўшнавоз – «Помир»-ро зери шубҳа гирифтанианд. Китоб ба 100-солагии ихтиёран ҳамроҳшавии Помир ба Русия бахшида шудааст. Дар он муҳимтарин ҳаводиси таърихи
1 Искандаров Б. И. История Памира. В связи с изучением сопредельных стран
(Историко-этнографический обзор). – Хорог: Мерос, 1996. – 186 с.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё