Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

қадим, асрҳои миёна ва нави Помири тоинқилобӣ ба таври мухтасар пешкаши мутахассисон ва доираи васеи хонандагон гардидааст. Ин китоб бори дигар ба ҳақиқатнигории таърихӣ, ба принсипҳои историзм содиқ будани академик Баҳодур Искандаровро возеҳан тасдиқ мекунад.
Қобили қайд аст, ки аз чопи таҳқиқоти марказии ин олими соҳибназару соҳибравия чандин даҳсола сипарӣ шудааст ва хонандагони таърихогаҳ ба нашри нави онҳо ҳанўз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон (соли 2004 аз олам даргузаштанд) ниёз доштанд ва ин зарурат имрўзҳо ҳарчи бештар эҳсос мешавад.
Дар марҳалаи кунунии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки беш аз пеш майли худшиносии миллӣ суръат мегирад, қимати илмии чунин рисолаҳои таърихи гузаштаи дуру наздики халқамонро инъикоскунанда, то рафт бештар ба назар мерасад. Аз ин рў, зарурати нашри пурраи осори илмии Баҳодур Искандаров яке аз масъалаҳои мубрами таърихнигории муосир ҳисоб меёбад.

пешина
аз 162
навбатӣ