Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

А. УСМОНЗОДА,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
ба номи Академик Б. Ғафуров

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ АЗ НИГОҲИ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ хидматҳои бесобиқаи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, хосса, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври густурда арҷгузорӣ мешавад. Ба ин абармарди миллат додани унвони волои Қаҳрамони Тоҷикистон, таҷлили ҷашнҳои 90-солагию 100-солагии ў бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат гувоҳ бар он аст, ки дар марҳалаи нави сиёсии давлатдории тоҷикон эътибору эҳтиром ба шахсият ва мероси маънавии аллома Бобоҷон Ғафуров ба маротиба афзудааст.
Шоистаи таъкид аст, ки Сарвари давлат аз лаҳзаи шурўи фаъолиятҳои сиёсӣ ҳамеша барои баланд бардоштани завқи худшиносию худогоҳии насли наврасу ҷавон аз корномаҳои омўзандаи академик Бобоҷон Ғафуров ёдовар мешавад ва зиндагии ибратомўзи ин донишманду сиёсатмадори варзидаро мўҷиби таҳкими арзишҳои олии миллӣ меҳисобад.
Фишурдаи маърўзаю мулоҳизаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор», ки ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид, оварда шудаанд, ки ифодагари эҳтирому иродати бепоёни Раҳбари мамлакат ба аллома Бобоҷон Ғафуров аст.
Дар ин асар Бобоҷон Ғафуров 23-умин чеҳраи таърихӣ аз 25 чеҳраи мондагори миллати тоҷик мебошад. Мақолаи аввалини ин бахши китоб, ки ба Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, «Фарзанди фарзонаи миллат» унвон дошта, бо ин ҷумла оғоз мегардад: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромўш намешавад»
(17, 328).
Раҳбари давлат дар ин навиштаи хеш аллома Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, «ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меномад (17, 328). Ҳамзамон оид ба кору пайкори ин донишманди беназир ёдовар шуда, нақши ўро дар бунёди мактабу маориф, рушду нумўи фарҳанг, таъсиси муассисаҳои илмиву маърифатӣ, аз қабили ташкили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951), Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон (1954), тарбияи кадрҳои соҳибунвон, мутахассисони варзида ва дигар корҳои судманд носутурданӣ арзёбӣ мекунад.

пешина
аз 162
навбатӣ