70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Масъалае, ки дар ин мақола бо тамоми муҳиммияташ аз тарафи Сарвари мамлакат баррасӣ мешавад, фаъолияти илмию таҳқиқотии Бобоҷон Ғафуров аст, ки ба эҳёи таърихи тоҷикон нигаронида шуда буд.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат бо вуҷуди иҷрои вазифаҳои масъули давлатӣ Бобоҷон Ғафуров «инкишофи фарҳанги ҷумҳуриро шахсан зери назорати доимии худ қарор дода буд, ҳамзамон таҳқиқоти илмии хешро пайваста давом медод» (17, 329).
Аз ин мулоҳизаҳои муаллифи «Чеҳраҳои мондагор» аён мешавад, ки аллома Бобоҷон Ғафуров аз ибтидои солҳои 40-уми асри гузашта хишти асоси тоҷикшиносиро маҳкам гузошта буд. Инро нашри китоби ў «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) бо забони тоҷикӣ собит менамояд. Муаллифи дар он солҳо ҷавони ин асар таърихи тоҷиконро яктарафа наомўхт, балки заминаҳои таърихии ташаккулу таҳаввули қавмҳои дигари маскун дар сарзамини Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳусни ҳамҷавории онҳоро бо давлати Ҳинду Чин, Юнону Рум, Турку Араб бо санадҳои қотеи илмӣ фаро гирифт. Ба тадқиқи масоили вобаста ба аҷдоди худ тавре шуғл варзид, ки ҳастии воқеии халқу қавми дигарро зери суол набурд ва одилонаю мунсифона ба пурсишҳо таърих ҷавоб гуфт.
Дар ҳақиқат, ин бесабаб набуд, зеро 24-уми апрели соли 1944 муҳаққиқи мазкур дар сессияи якуми илмии филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС дар мавзўи «Гузаштаи бои таърихи халқи тоҷик мукаммал омўхта шавад» маърўза намуда, заминаи тоҷикшиносиро пайрезӣ карда буд. Хушбахтона, ба василаи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ва осори минбаъдааш ҳадафи аслии ў «ба оламиён исбот намудани он нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум буданд ва ҳастанд» (17, 330).
Хидматҳои бесобиқаи илмии Бобоҷон Ғафуровро Президенти мамлакат боз дар он мебинад, ки баробари таъин шудан ба вазифаи директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ (1956) муҳаққиқи ёдшуда истеъдоди созмондиҳии хешро равшану густурда зоҳир кард ва қобилияту истеъдоди пажуҳандагияшро барои аҳли илми замон маълум сохт. Ин буд, ки бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров солҳои 1957-1966 лоиҳаи мавзўи «Шарқу Ғарб» таҳия ва амалӣ гардид. Дар ин муддат бо мақсади омўзиши тамаддуни халқҳои олам ў дар таҳия, пешниҳод ва татбиқи лоиҳаи ёдгардида, ки маблағгузору сарпарасти он ЮНЕСКО буд, саҳмгузорӣ намуд. Зимнан мавзўи бисёр муҳимро таҳти унвони «Омўзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» ба ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ манзур сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё