70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа
Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рўимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст» (17, 333).
Дар идомаи тақрири ҷойгоҳи баланди китоби «Тоҷикон» муаллиф ба кулли тоҷикистониён, бахусус, насли наврасу ҷавони мамлакат муроҷиат намуда, таъкид месозад, ки «омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрўз ва шукуфоии фардо ҳар миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ–хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад» (17, 333) Ҷанбаи дигари мақолаи ёдшуда ёдоварии хидматҳои Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад.
Дар ин бахши мақола муаллиф аз муҳоҷирати дохилии солҳои 20-30- юм оғозгардида ва дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ идомаёфта сухан мегўяд. Ин ҷо санади илмӣ зикр мегардад, ки «танҳо дар давоми панҷ соли баъдиҷангӣ аз ноҳияҳои кўҳистони Қаротегин, Бадахшон, Кўлоб, Зарафшон 18 ҳазор оилаҳои деҳқонон ба водиҳои Вахшу Хатлон ва Дилварзин кўчонида шуданд, ки онҳо дар инкишофи босуръати хоҷагии халқи Тоҷикистон нақши муҳим гузоштанд. Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, инкишофи минбаъдаи иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ, муттаҳид намудани қувваҳои меҳнативу эҷодӣ ва ягонагии мардуми тоҷикро дар назар дошт» (17, 331).
Дар ин қисмати мақола доир ба сохтану ба истифода додани корхонаҳои коркарди пахта дар Уялӣ ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, комбинати коркарди маъдани Такоб, заводи зарфҳои шишагии Хуҷанд, фабрикаи кешбофии Душанбе, заводи механикии Конибодом, комбинати маводи сохтмонии Вахш ва даҳҳо коргоҳу муассисаҳо дар замони котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Шўравии Тоҷикистон будани Бобоҷон Ғафуров ишора шудааст (17, 331).
Дар мақола омадааст, ки дар тамоми самту соҳаҳои фаъолият Бобоҷон Ғафуров ба арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузошт ва нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ақидаҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозӣ оштинопазир буд.
Нуктаи воло ва барои ҳар як тоҷик азиз аз ин мақола ин аст, ки Сарвари давлат «Тоҷикон»-ро қувваи заволнопазир дар болоравии худшиносию худогоҳии миллӣ баршумурда, маҳз ҳамин шоҳкории илмиро мўҷиби сазовор гардидани Бобоҷон Ғафуров ба унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон медонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё