Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мақолаи дуюми Пешвои миллат оид ба Бобоҷон Ғафуров «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» ном дорад. Нигоранда дар навиштаи худ ёдовар мешавад, ки ин марди тавоно «бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлўи Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд» (17, 336).
Муаллиф барҳақ ва мавқеъшиносона гўшзад менамояд, ки академик Бобоҷон Ғафуров тавассути таҳқиқоти густурдаи тоҷикшиносии хеш ва овардани даҳҳо далелу бурҳони қотеи илми собит месозад, ки миллати фарҳангсозу тамаддунофари тоҷик ҳеҷ гоҳ ба таърихсозию бузургтарошӣ ниёз надорад. Барои тасдиқи гуфтори хеш муаллиф аз корномаҳои ибратомўз ва талошҳои меҳанпарастонаи қаҳрамонони халқи тоҷик ёд мекунад.
Дар мақола мақому ҷойгоҳи баланди китоби «Тоҷикон» батакрор таъкид гардида, он ҳамчун таҳқиқоти мукаммал ва академӣ доир ба яке аз қадимтарин халқҳои олам арзёбӣ шудааст. Ёдкарди ҷумлаи зеринро дар ин ҷо хеле бамаврид мешуморем: «Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромўшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳофизаи таърихии мардумро бедор намуд ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рўҳи тоза бахшид» (17, 338).
Бино ба ақидаи Пешвои миллат аллома Бобоҷон Ғафуров зимни мактаби таърихнигории хеш усулеро пеш гирифт, ки аз равиши кори баъзе аз муҳаққиқон, ки пойбанди ғояҳо ва маҳдудияту таассуби он даврон гардида бурданд, имтиёзи ҷиддӣ дошт. Муҳаққиқ раванди ба халқи ягона табдил додани халқу миллатҳои гуногунро, ки хоси бархе аз олимон буд, умуман қабул надошт. Дуруст аст, ки «академик Ғафуров таърихи тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказиро дар қаринаи таърихи умумиаврупоӣ ва умумибашарӣ тадқиқ карда, худро чун муаррихи авруосиёии замони нав муаррифӣ намуд» (17, 338).
Нуктаи бисёр арзишманд ва аз назари илмӣ муҳкам дар ин мақола боз ин матлаб аст, ки Бобоҷон Ғафуров зимни тадқиқоташ мушаххас мегардонад, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ баробари паси сар намудани роҳи пуршебу фароз бар асоси «ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод карданд ва дар ҳар давру замонҳо рисолати тамаддунофарӣ ва фарҳангсозиро иҷро карда, онро то имрўз идома медиҳанд» (17, 340).

пешина
аз 162
навбатӣ