Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Маҷмўан, аз таҳлилҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ба академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 400 рисолаву мақолаи илмӣ тааллуқ дорад.
Дар бахши сеюми мулоҳизаҳои Раҳбари мамлакат оид ба Бобоҷон Ғафуров, ки нисбат ба ду мақола мухтасартар аст, ҳамоно оҳанги ифтихори муаллиф аз корномаҳои пандомўзонаи ў баландтару муассиртар садо медиҳанд. Эшон таъкид месозад, ки ин муҳаққиқ обрўи ҷаҳонӣ дошт, вале аз тамоми ҷоизаҳо, нишонҳо, унвонҳо ва ифтихороти дигари давлатӣ ва илмӣ мукофоти бузургтарин сарбаландии кишвару Ватан ва тоҷику тоҷикистониён буд» (17, 342).
Хонандаи ҳушманди матни суханронию маърўзаҳои Президенти мамлакат дармеёбад, ки дар нигоришоти мавсуф Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси мураббии шоирону нависандагон, олимон ва сиёсатмадорон ҷилвагар мешавад: «Бобоҷон Ғафуров пас аз Садриддин Айнӣ ягона шахсе буд, ки қувваҳои эҷодие чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдуғанӣ Мирзоев, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, раҳбароне чун Турсун Улҷабоев, Назаршо Додхудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даҳҳо шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро сарвару раҳнамо шуда, барои бақои давлати мо, забону фарҳанги бостонии мо ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани ин илму фарҳанг хидматҳои бебаҳо кардааст» (17, 343).
Арҷгузориҳои бепоёни Пешвои миллатро нисбати академик Бобоҷон Ғафуров хондаву эҳсос намуда, кас дармеёбад, ки воқеан ҳам ҳамон корномаеро, ки он муҳаққиқ ва сиёсатмадор дар замони шўравӣ анҷом дода буд, бо шукуҳу салобати хосса, диди амиқи худогоҳию хештаншиносӣ, эҳтирому меҳри густурда, ватанпарастии гарму сўзон, хиради азалию закои табъ Сарвари давлати тоҷикон дар марҳалаи нави таърихӣ иҷро намуда меоянд.
Аз ин рў, мақолаю маърўзаҳои фарогири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни зиндагиномаю асарҳои ҷовидонии аллома Бобоҷон Ғафуров роҳи шинохти ғафуровшиносӣ ва тоҷикшиносиро дар замони соҳибистиқлолӣ суфтаю ҳамвор сохта, боиси ангезаву таҳаррукоти созандаи пажуҳандагии муҳаққиқони ҷавону худогоҳ хоҳанд шуд.

ПАЙНАВИШТ:

  1. Э. Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор//Э.Раҳмон. –Душанбе: ЭР-граф,
  2. – 364 с.
пешина
аз 162
навбатӣ