Зеҳн
70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМЎЗИШИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Рисолаи дастаҷамъӣ ба таърихи ташаккул ва рушди маркази асосии омўзишу таҳқиқи таърихи халқи тоҷик-Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки имсол 70 сола шуд, бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 162 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

М.А. ҒАЙБУЛЛОЕВ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғ. Ғафуров

ИНЪИКОСИ МАСЪАЛАҲОИ
БОСТОНШИНОСИИ ШАҲРИСТОН
ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК Н. НЕЪМАТОВ

Академик Н. Неъматовро чун мутахассиси маъруфу эътирофшуда оид ба масоили мубрами таърихи халки тоҷик – ташаккулёбии халқи тоҷик, фарҳанг, тамаддун, шаҳрсозӣ, меъморӣ, санъат мешиносанд ва ўро ҳамчун давомдиҳандаи корҳои назариявии олимони шинохта В. В. Бартолд, М. С. Андреев, Б. Ғ. Ғафуров, А. М. Манделштам медонанд. Ӯ асосгузори таълимоти ташаккулёбӣ ва даврабандии таърихи тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Имрўз аз саҳифаҳои фаъолияти академик Н. Неъматов метавон авроқи рангини таърихи рушду нумўи тараққиёти илми археология, кофтукови ёдгориҳои ҷудогона, интишори асару мақолаҳо оид бозёфтҳои беназир, тайёр кардани мутахассисони ҷавон, ташкили осорхонаҳо, ҳимоя ва тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангро сабт кард, ки хизматҳои эшон, беназир аст. (1, 203-229).
Академик Н. Неъматов ба пайроҳаи илм аз давраи донишҷўи (1944-1948) қадам ниҳода, дар ин ҷода фаъолияти устуворро дар давраи таҳсил дар аспирантура (1948-1952) пайгирӣ намуда, тавонист бо мушаххасгардонӣ, овардани далелҳои нав, муқоисаи онҳо бо дигар маводу сарчашмаҳо рисолаи тадқиқотиашро дифоъ намояд.
(2,15). Академик Н. Неъматов дар натиҷаи тадқиқоти таърихӣ, саҳеҳтараш пажўҳишҳои бунёдӣ, тавонист ба ин мартаба расад. Устод таҷрибаи шарқшиносону бостоншиносон, фарҳангшиносони Санкт-Петербургро омўхта, дар мактаби илмии эҷодии олимони намоён аз ҷумла, А. Ю. Якубовский, В. В. Струве, И. А. Обрели, К. В.
Тревер, М. И. Артамонов, В. М. Массон, Б. Б. Пиотровский, М. М.
Дяконов, А. В. Артсиховский, Б. А. Рибаков, В. Л. Янин, Г. А. Федеров-Давидов, Л. Р. Кизласов, Д. Авдусин, М. С. Осимӣ ва дигарон сабақи илмӣ гирад ва тарбия ёбад.
Тоҷикистон, бо ёдгориҳои бостонӣ ва ёдгориҳои меъмориаш хеле бой буд, вале ҳанўз тадқиқ нашуда буд. Кўшишҳои алоҳидаи кишваршиносон ва дўстдорони таърих оид ба таърихи кўҳан доштани Тоҷикистон маводи пурарзиши илмӣ дода наметавонистанд. Аз ин сабаб зарурате пеш омад, ки аз соли 1946 фаъолияти экспедитсияи бостоншиносии тоҷику суғдӣ ба фаъолият шурўъ кунад. Дертар бошад, бо ташаббуси Н. Н. Неъматов як ҳайати бостоншиносии Шимоли Тоҷикистон (СТАКЭ) таъсис дода шуд.

пешина
аз 162
навбатӣ