Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҳосилнокиаш 73 с/га аст. Навъ барои силос ва баргу поя тавсия шудааст.
«Дурагаи Имеретинӣ». Ин дурага дар истодгоҳи таҷрибавию тухмпарварии Месхетии Гурҷистон (Грузия) бо усули интихоби умумӣ аз дурагаи табиии Кутаисӣ рўёнда шудааст. Барои гирифтани дон ва баргу пояи сабз ба шароити заминҳои обии ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон ва барои заминҳои лалмии минтақаи Ғарм мутобиқ кунонда шудааст. Навъи баланқад (234-340 см) аст. Сўтаҳо дар баландии то 160 см поя ҷойгир мешаванд. Меҳвари сўтааш сафед буда, донааш зард аст. Вазни 1000 донааш 195-266 г. мебошад Баромади донаш 75-78% аст. Давраи пурраи нашъуномояш то пухта расидани дон 130-150 рўз аст.
«Шўҳрат». Ин навъ дар Иттиҳодияи илмию истеҳсо-лии «Зироатпарвари»-и Тоҷикистон бо роҳи ҷуфткунонии навъи Сафеди Шаҳритусӣ ва Сафеди дандоншакл рўёнида шудааст. Аз соли 1992 барои минтақаи Қўрғонтеппа барои истеҳсоли дон ва хўрокаҳои ширадор дар заминҳои обӣ мисли зироати асосӣ ва такрорӣ ноҳиябандӣ карда шудааст.
Ин навъ ба гурўҳи зироатҳои донаш дандоншакл ва пояи сўтааш сурх тааллуқ дорад. Баландии растанӣ 256 см буда, 19-21 барг дорад. Сўтааш силиндршакл буда, дарозиаш 30 см ва вазнаш то 270 г аст. Вазни 1000 донааш 310 г буда, навъи миёнапаз мебошад ва давраи нашъунамояш то пурра пухта расидани дон 120 рўз аст.
Дар қитъаҳои навъсанҷии хоҷагиҳои минтақаи Қўрғонтеппа аз ҳар як гектари он 8,3 тонна ҳосил гирифта буданд. Навъи мазкур барои хўроки ширадори чорво дар кишти асосӣ ва такрорӣ тавсия карда мешавад.
«Шўҳрат» ба касалии сиёҳак ба таври миёна гирифтор мешавад.
Дар Россия ҷуворимаккае рўёнда шудаанд, ки (Крас-нодарӣ 620, 362 ТВ ва ғ.) 140-160 с/га ҳосил медиҳанд. Дар ИМА дурагаи дусўтадори 2160 рўёнда шудааст, ки давраи нашъунамояш 106 рўз аст. Дар Булғория барои рўёндани намунаи дурагаи ҷуворимаккае, ки ҳосилнокии донаш ба 300-350 с/га баробар аст, пардохтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё