Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Технологияи парвариши интенсивӣ.
МАВҚЕИ ҶУВОРИМАККА ДАР КИШТГАРДОН. Барои парвариши ҷуворимакка заминҳои ҳосилхезу шўрнабудаи аз об таъмин, майдонҳои калонҳаҷми барои истифодаи самараноки техника мувофиқ ҷудо карда мешаванд.
Ҷуворимакка дар замини қабат ба қабат шудгоркардашудаи юнучқа, пас аз зироатҳои лўбигии донӣ, зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда, зироатҳои тирамоҳи ғизододашуда ва силсилаи киштгардонҳои пахта ҷойгир карда мешавад. Дар амалияи истеҳсолот киштҳои омехтаи ҷуворимаккаю ҷуворӣ ва юнучқа барои хўрока низ татбиқ мешаванд.
Барои киштҳои омехтаи ҷуворимакка-лўбиёи чинӣ ҳамчун зироати серсафеда яке аз зироатҳои беҳтарин ба ҳисоб меравад. Дар киштҳои ангорӣ ҷуворимакка пас аз зироатҳои ғалладонагӣ, омехтаҳои зироатҳои лўбиёгию ғаллагӣ, зироатҳои зимистон нашъунамокунанда ва инчунин пас аз ғунучини ҳосили кишти асосии ҷуворимакка парвариш карда мешавад. Дар майдонҳои аз алафҳои бегонаю ҳашаротҳо ва касалиҳо тоза ҳангоми риоя кардани талаботҳои усули парвариши ҷуворимакка мумкин аст, ки онро паи ҳам як ҷо 2-3 сол парвариш кунанд.

КОРКАРДИ ХОК. Ҷуворимакка нисбат ба коркарди хок серталаб аст.
Коркарди саривақтӣ ва дар чуқурии муайян гузаронидашуда, имконият медиҳад, ки силсилаи решагияш пурқувват инкишоф ёфта, моддаҳои ғизоӣ ва захираҳои намии хок самаранок истифода бурда шаванд.
Дар усули шадид аз воситаҳои захиракунандаи намӣ ва қувва истифода мебаранд. Коркарди асосии хок бо назардошти намуди хок, зироати пешкишта ва хусусияти паҳншавии алафҳои бегона гузаронида мешавад.
Тайёркунии майдонҳо ҳатман аз ҳамворкунии замин сар мешавад. Барои иҷрои ин кор грейдерҳои ҳамворкунандаи ГА-4,0, ки бо трактори ДТ- 75м пайваст карда мешаванд ё ҳамворкунандаи КГН-2,8, ки бо трактори Т-28 4м кашонда мешавад, истифода мебаранд.

пешина
аз 314
навбатӣ