Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои ҳосил шудани 1 сентнер дон ва миқдори мутаносиби баргу пояи сабз, ҷуворимакка аз хок 2,5 кг нитроген, 1,2 кг фосфор ва 2,0 кг калийро ҷабида меги-рад. Меъёри нуриҳо барои гирифтани ҳосили иловагӣ бо назардошти ҳосилхезии самараноки хок ва дараҷаи истифодабарии растаниҳо аз моддаҳои ғизоӣ ҳисоб карда мешаванд.
Аз таҷрибаҳо аён шудааст, ки вобаста ба дурагаҳо дар шароити водии Ҳисор аз ҳисоби ҳосилхезии табиии хок 30-35, минтақаҳои Қўрғотеппаю Кўлоб 25-30 ва дар вилояти Суғд 15-20 с/га дон гирифтан мумкин аст.
Мувофиқи таҷрибаҳои Донишгоҳт аграрии Тоҷикистон вобаста ба дурагаҳо ва истифодаи мутаносиби меъёрҳои NРК барои гирифтани 60,
80 ва 100 сентнер ҳосили дони иловагӣ аз ҳисоби нуриҳо 55-58 фоизро ташкил кард, ки ин нишондод нисбати кишти бенурӣ ду баробар зиёдтар аст. Ҳангоми тарҳрезии 80 с/га дон, иловааш 50 с/га ҳосили ҳақиқии дурагаи ВИР 42 МВ дар киштҳои ангорӣ 68,6 с/га буд. Ҳосилнокӣ аз нақша 11,4 с/га фарқ мекунад. Бо зиёдшавии меъёри нуриҳо дар ҳамаи дурагаҳои таҳқиқшуда иқтидори фотосинтетикии киштҳо низ бараъло зиёд (аз 1,6 то 2 маротиба) мешавад.
Дар заминҳои обии водии Ҳисор (дар киштҳои ангории ҷуворимакка) барои ҳосили тарҳрезишудаи 80 с/га дон 208 кг/га нитроген ва 172 кг/га (м.т.) фосфор истифода бурда шудааст.
Дар таҷрибаҳои Маҳмадёров У.М. (ДАТ) дар вақти истифодаи 277 кг/га нитроген, 230 кг/га фосфор ва 100 кг калий аз ҳар як гектар замини обӣ 100 с ҳосили дон рўёнида шудааст.
Талаботи ҷуворимакка ба нитроген дар давраи нашъунамо якхела набуда, он дар давраҳои танқисии нумўяш меафзояд.
Давраи якуми танқисӣ саршавии ҷорўбакзанӣ ва пайдоиши сўта аст, ки ҳангоми пайдошавии 6-7 барг дар растанӣ сар мешавад. Барои аз нитроген таъмин кардани талаботи растанӣ ғизодиҳиро андаке пештардар давраи 3-4 барг пайдо кардани растанӣ сар кардан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё