Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Тирамоҳ бо мурури холишавии майдонҳои аз зироатҳои пешкишта дар чуқурии 35-40 см бо испорҳои (плугҳои) пешпочадори ПЯ-З-35 шудгор мегузаронанд. Дар сурати пас аз омехтагиҳои лўбиёгӣ ва ғаллагӣ коштани ҷуворимакка то гузаронидани шудгор барои майда кар-дану хокпўш шудани пояҳои боқимонда дар чуқурии 10-12 см ба воситаи олотҳои БДТ-3 ва БДТ-7 чархмола гузаронида мешаванд.
Дар заминҳои обӣ баъд аз зироатҳои ғаллагӣ то шудгор (15-20 рўз пеш) дар чуқурии 6-8 см мухашшар карда мешаванд. Барои гузарондани ин усули агротехникӣ аз олотҳои мухашшаркунанда (лушилникӣ) ё чархмолаҳо истифода мебаранд.
Барои нигоҳдории намии хок аввали баҳор агар ҳолати физикии хок имконият диҳад, дар самти кундалангии шудгор ду пай сихмола гузаронида мешавад. Вобаста ба ҳолати майдонҳо ва паҳншавии алафҳои бегона коркарди пешазкиштии баҳории хок бо нармку-накҳои васеъбари КШ-8,4, чархмолаҳои БДТ-3 чизел дар чуқурии 10-12 см бо ғизодиҳию сихмолакунӣ гузаронида мешавад.
Барои дар як вақт гузаронидани якчанд амалиёт (нармкунӣ, кулўхмайдакунӣ, ҳамворикунии хок) дар коркади хок пеш аз кишти баҳорӣ аз агрегатҳои якҷоякардашудаи БИ-8 ва КАПП-8,8 истифода мебаранд.
Барои гузаронидани киштҳои пуштагии ҷуворимакка пуштаҳоро тирамоҳ баъди шудгор бо воситаи олоти УГИ-4 мебуранд, кишти пуштагӣ тартиби гармӣ, обӣ, ҳавоии хок ва низоми ғизогирии растаниҳоро беҳтар мегардонад. Пуштаҳо ба васеъгии 60 см ва баландии 25-30 буррида мешаванд.
Усули шадид ба сифати коркарди хок талаботҳои муайянро пешниход мекунад. Фарқият аз чуқурии муай-яншудаи коркард на бояд аз + 2 см зиёд бошад. Бояд кулўхҳои андозаашон аз 10 см калон низ боқӣ намонанд.
УСУЛИ НУРИПОШӢ. Ҷуворимакка, ки ҳосили баланд медиҳад, ба танзими нурипошӣ талаботи калон дорад. Барои парвариши ҷуворимакка нуриҳои органикӣ ва нуриҳои пурраи (NРК) минералӣ истифода бурда меша-ванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё