Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҷуворӣ ба хушкӣ ва шўрӣ тобоваранда буда, бо серҳосилиаш машҳур аст. Сабаби кам будани масоҳати майдонҳои кишташ чун зироати донӣ дар он аст, ки донаш дар пулакчаҳои хўшагӣ хуб ҳифз нагаштаасту аз паррандагон талаф меёбад.
ҲОСИЛНОКӢ. Дар Тоҷикистон аз ҳар як гектар 13-14 с ҳосили дон гирифта мешавад. Аммо ҳангоми риоя кардани тамоми усулҳои парвариши он 50-60 с/га дон гирифтан мумкин аст. Пешқадамони истеҳсолот 100 сентнери дон ва 600-700 с/га баргу пояи сабз низ меги-ранд. Дар соли 2005 ҳосили миёнаи донаш ба 12,1 с/га баробар буд. Дар хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Ҷиликул бригадир Ашуров Қувват ҳосили рекордии 110 с дон ва 900 с/га силос гирифтааст. Дар таҷрибаҳои Иттиҳодияи илмӣистеҳсолии «Зироатпарвар» навъҳои қадпасти ҷуворӣ бо зичии 400 ҳаз.
растанӣ дар 1 га 150 с/га дон гирифта шудааст.
ХУСУСИЯТИ БИОЛОГӢ. Аз 34 намуди яксола ва бисёрсола ҷувории ҷинси (Соргиум Моу) намудҳои херинаш аҳамияти истеҳсолӣ доранд:

  • ҷувории муқаррарӣ (С. вулгаре);
  • ҷугорӣ (С. сернум);
  • гаолян (С.чинензе).
    Саравлоди нахустҷувории парвариши алафи Ҷонсонӣ (ғумай) аст. Аз рўи истифода ҷувории донӣ, ҷувории қандӣ, ҷувории ҷорубӣ ва ҷувории алафҷӣ (хўроки чорво)-ро фарқ мекунанд. Ҷуворӣ растании гармию рўшноидўсти кўтоҳрўз аст.
    Тухми ҷуворӣ дар ҳарорати 8-100 С ба нешзанӣ сар мекунад. Аммо ҳарорати 30-350 С барои сабзиш ва инкишофи он беҳтарин аст. Ҷуворӣ нисбати ҷуворимак-ка то ба 400 С гармӣ тобовар мебошад. Барои пурра гузаштани тамоми давраҳои инкишофаш 2500-30000 С ҳарорати фаъолро талаб мекунад. Майсаҳои он хунукии 1,5-20 С-ро нағз аз сар мегузаронанд. Ҷуворӣ намиро нисбати дигар растаниҳо сарфакорона истифода мебарад, дараҷаи транспиратсионии он ба 200-290 баробар аст. Гардолудшавии ҷуворӣ аз гул ба гул гузаштани гард оғоз меёбад.
пешина
аз 314
навбатӣ