Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Баргҳои он бо қабати муммонанд пўшида шудааст ва ин «ҷома» растаниро аз гармӣ муҳофизат карда, бухоршавии обро кам мекунад.
Ҷуворӣ нисбат ба таркибу хусусиятҳои хок бепарвост. Дар хокҳои сабуку аз алафҳои бегона тоза, ки об ва ҳаворо нағз мегузаронанд, хуб нашъунамо мекунад. Онро ҳатто дар хокҳои камҳосили шўр низ парвариш кардан мумкин аст. Вобаста ба навъҳояш давраи пурраи нашъунамои он аз 80 то ба 140 рўз баробар аст. Дар киштҳои ангорӣ давраи нашъунамояш нисбатан кўтоҳтар буда, ба 75-80 рўз баробар аст.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини ҷуворӣ ноҳиябандӣ шудаанд: «Ҳисор-45», «Конибодомии ма-ҳаллӣ» ва «Вахш-10», «Шарқ».
«Ҳисор-45». Дар ИИИ «Зироатпарвар» рўёнда шуда, соли 1975 барои заминҳои обии вилояти Суғд, вило-яти Хатлон, ноҳияҳои водии Ҳисор мутобиқ гардонда шудааст. Растании баландпоя (273-295 см) аст.
Навъи миёнапаз буда, дар 115-120 рўз пурра нашъунамо меку-над.
Қобилияти баланди панҷазанӣ дорад. Ҷорўбакаш меҳвар дошта, нимфишурдаи сиёҳдонаи пардапўш, гирд ва тухмшакл буда, рангаш зарди сиёҳтоб аст. Навъи ба хушкию касалиҳо ва ҳашаротҳои зараровар тобовар аст. Дар донаш то 9,7% сафеда, 14,5% қанд дошта, ба обмонӣ эҳтиёҷ дорад.
«Конибодомии маҳаллӣ». Ин навъ дар ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд рўёнда шудааст. Растании ба-ландпоя (350-370 см) аст. Қобилияти миёнаи панҷазанӣ дорад. Ба хушкӣ ва хобидан тобовар аст. Ба касалии сиёҳак гирифтор мешавад. Ҳосили донашро парран-дагон хеле кам мехўранд. Ҷорўбаки лўндашакл дорад. Ранги донаш сафеди хира аст.
Вазни 1000 донаш 25-35г буда, навъи дурпаз мебошад.
«Вахш-10». Навъи мазкурро дар бахши Вахшии собиқ Пажўишгоҳи тадқиқотӣ-илмии зироатчигии (ҳози-ра ИИИ «Зироатпарвар») баровардаанд. Дар соли 1981 барои заминҳои обии Вахш ноҳиябандӣ кунонида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё