Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз маҷмўи касалиҳо ба воситаи ТМТД, 80 фоиза х.т. (1,5-2 кг/т) тухмиҳо безарар кунонида мешаванд. Киштро бо тухмиҳои хушсифати дараҷаи якум дар ҳолати 12-140С гарм будани чуқурии зери хоккунӣ (6-8 см) гузаронида мешавад.
Кишт одатан бо усули қат васеъгии ҷўякҳояш 60-70 см буда, тавассути тухмипошакҳои ғаллагӣ ё сабзавотӣ гузаронида мешавад. Меъёри кишти тухмӣ аз ҳисоби 75-80 ҳ. растанӣ дар як гектар барои дон ва 90 ҳазор растанӣ дар як гектар барои силос муайян карда мешавад. Дар ҳар як метри ҷўякҳо парвариши 5-6 растанӣ кифоя аст.
Қобилияти нешзании саҳроии ҷуворӣ баланд нест. Аз ин рў кишти тухмӣ аз ҳисоби 0,2-0,3 млн. дона тухмии ба нешзанӣ қобил муайян карда мешавад. Дар вақти гузаронидани кишт бо тухмипошакҳои дақиқ барои як гектар 7-8 кг тухмӣ басанда аст. Баробари кишт кардан ҷўякҳои обмонӣ низ бурида мешаванд. Ҷувориро бо роҳи кўчатшинонӣ низ парвариш кардан мумкин аст. Дар 7 га замини хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Ҷиликўл соли 1963 пас аз дарави ҷави тирамоҳи кўчатҳои 40-50 рўзаи ҷуворӣ шинонда буданд. Бо ин тарз қобилияти сабзидани кўчатҳо 90 фоизро ташкил дод. Дар моҳи октябр аз ҳар як гектари ҷувории бо усули кўчат парвариш кардашуда 100 сентнер дон гирифта шуд. Барои дар як гектар шинонидани кўчатҳо 5 одам/рўз сарф шудааст. Бо усули кўчат парвариш кардани ҷуво-рӣ дар заминҳои шўр, ки аслан камҳосиланд, аҳамияти калон дорад.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Нигоҳубини киштҳои ҷуворӣ аз мубориза бо алафҳои бегона, коркарди хушсифати байниқаторӣ ва сари вақт додани ғизою об иборат аст. Дар давраи аввали инкишоф (аз пайдоиши майсаҳо то найчабандӣ) ҷуворӣ дар тўли 40 рўз ниҳоят суст сабзи-да, тоза кардан аз алафҳои бегона воситаи асосии агротехникии нигоҳубини киштҳои ҷуворӣ ба шумор меравад. Ба муқобили алафҳои бегона то давраи инки-шофи панҷазании ҷуворӣ гербитсиди 2,4Д (0,3-0,5 кг/га) ва то пайдоиши майсаҳо аз прометрин истифода меба-ранд.

пешина
аз 314
навбатӣ