Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Баландии пояҳояш ба 280-296 см мерасад. Пояҳои борику хобнораву барои дарави механиконида-шуда мувофиқ дорад. «Вахш-10» ба хушкӣ тобовар аст. Дар давраи нашъунамояш 3-4 маротиба об медиҳанд.
Баъди дарав қобилияти тезсабзӣ дорад. Ҷорўбакаш рости фишурдаю тухмшакл буда, рангаш сиёҳу-сурхи дорчинӣ аст. Дар асоси пулакчаҳои хўшагиаш каме мўякҳои кўтоҳ дорад. Дарозии ҷорўбак ба 30-45 см мерасад. Донаш тухмшаклу зарди дорчингранг буда, нўгаш сурхчаи дорчинӣ аст. Давраи нашъунамояш аз неш задани майсаҳо то давраи инкишофи пазиши ширии донаш 118-122 рўз аст. Ин навъ ба касалии доғ-дори бактериявии баргҳо каму миёна гирифтор мешавад. Дар истодгоҳи навъсанҷии Қўрғонтеппа «Вахш-10» 1500 с/га ҳосили баргу пояи сабз додааст.
ПЕШКИШТҲО. Дар киштгардонҳо пас аз зироатҳои байни қаторашон коркардашаванда, зироатҳои лубиё-гии донӣ, картошка, зироатҳои ғаллагию тирамоҳии хў-шадор, омехтаҳои ғаллагиҳо ва лубиёгиҳои донӣ, хўро-каҳои чорво ва ғайра кошта мешавад.
КОРКАРДИ ХОК. Коркарди хоки ҷуворзор аз замини ҷуворимакка фарқ намекунад. Барои инкишофи хуби қисмҳои решагии ҷуворӣ дар чуқурии 30-35 см бо испори (плуги) пешпочадор шудгор гузаронидан зарур аст.
НУРИҲО. Ҷуворӣ ба нуриҳо эҳтиёҷи зиёд дорад. Пеш аз шудгор дар қитъаҳо аз ҳисоби 15-20 т/га пору, 50-60 кг/га фосфор (м.т.) ва дар заминҳои бенамак 40 кг/га калий (м.т.) пошида мешаванд. Дар давраи баровар-дани 3-4 барг киштзорҳо аз ҳисоби 60-70 кг/га нитроген, 30 кг/га фосфор ва дар давраи найчабандӣ 30-40 кг/га нитроген, 30 кг/га фосфор, ғизо дода мешаванд. Меъёрҳои зиёди нитроген миқдори туршии синилиро дар ҳосили баргу пояи сабз афзуда, нуриҳои фосфорӣ онро кам мекунанд.
КИШТ. Пеш аз кишт тухмиҳоро ба воситаи моши-наҳои тухмитозакунак ба навъҳо ҷудо намуда, барои зиёд кардани қобилияти нешзанӣ ва қувваи сабзиши онҳо коркарди фазоию гармигузаронӣ зарур аст.

пешина
аз 314
навбатӣ