Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: АР3АН (2 соат)
Аҳамият, паҳншавӣ хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо.
Усулҳои парвариши арзан.
Арзан зироати серҳосилу тезпаз ва ба хушкӣ тобовари ярмагист. Дони арзан 12% сафеда, 3,5% равған, 80% оҳар, 0,15% қанд ва 1,04% ғОЗ дорад.
Аз дони арзан ярма (сўк) истеҳол мекунанд, ки баромади он ба 80-85% баробар аст. Дон, поя ва коҳрезаи арзан хўрокаи пурбаҳои чорво мебошад. Ҳар як килограмм дони арзан 0,07, пояи он 0,51 ва коҳрезааш 0,42 воҳиди хўрока дорад. Дони арзан хўрокаи емии хукҳо буда, тухми мурғонро зиёд мекунад. Арзан барои алафҳои бисёрсолаи лўбиёгӣ зироати рўйпўши беҳтарин аст. Бо туфайли кўтоҳ будани давраи нашъунамояш зироати пурқиматтарини эҳтиётӣ аст. Дар шароити водии Ҳисор дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин 15 с/га ва дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Темурмалик пас аз юнучқа 31 с/га дони арзан гирифта шудааст.
Ҳосили баландтарини ҷаҳонии дон (150 с/га) дар Қазокистон аз тарафи арзанкори машхур Чаканак Бердиев гирифта шудааст. Арзанро дар заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳамчун зироати ангорӣ парвариш кардан мумкин аст. Аммо боиси таассуф аст, ки дар масоҳатҳои калон парвариш карда намешавад. Дар соли 2005 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар масоҳати 10 га кошта шуда ва ҳамагӣ 7 т. дон ғун дошта шудааст.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Арзан ба ҷинси Паникум мансуб аст.
Дар Тоҷикистон ду намуди он паҳн шудаанд: арзани муқаррарӣ (П. милисеум) ва арзани саракдор (Сетариа италика). Арзани намуди саракдор ба ду зернамуд таксим мешавад: қўнок ва магор. Арзан зироати гармидусти кўтоҳрўз аст. Тухми арзан дар ҳарорати 8-10°С неш мезанад. Барои пурра гузаштани давраи инкишофёбии он 1800-2300°С харорати фаъол лозим аст. Майсаҳои арзан дар баҳор то ба 2°С будани хунукӣ тоб меоранд. Арзан дар хокҳои структураноки ҳосилхез, аз алафҳои бегона тоза ва муҳити маҳлулашон бетараф нагз нашъунамо карда, ҳосили баланд медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё