Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Арзан ба хушкию гармигузаронӣ қобилияти баланди тобоварӣ дорад.
Дараҷаи транспиратсиониаш 200-300 аст. Давраи танқиси ба об аз давраҳои найчабандӣ то ба пухтани дони он рост меояд. Решаҳояш, ки нағз инкишоф ёфтаанд, намии хокро хуб истифода мебаранд. Арзан аз байни зироатҳои ғаллагӣ тезпазтарин аст. Аз ин рў онро зироати эҳтиётӣ меноманд. Давраи нашъунамои арзани тезпаз 60-70 ва дерпази он 100- 120 рўз аст. Дар киштҳои ангорӣ давраи нашъунамояш нисбат ба киштҳои баҳорӣ то 10-15 рўз кўтоҳ мешавад. Ин ба тагирёбии рўшной, баландшавии ҳарорат ва хушкии ҳаво вобаста аст.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъии Саратов 853 ноҳиябандӣ кунонида шудааст, ки он дар шароити заминҳои обию лалмӣ парвариш карда мешавад. Растани миёнақад (70-80 см) аст. Ҷорубакҳояш фушурдашуда, хўшачаҳояш тираранги миёнаҳаҷм, ранги донаш сурхи ҷигарӣ аст. Вазни 1000 донааш 6,2-7,5 г аст. Пардапушии тухм - ба 16-20% баробар аст.
Қобилияти пуртобияш ба хушкӣ баланд буда, ба хобидан устувор ва барои ғунучини механиконидашуда боб аст. Миёнапаз, даврап пурраи нашъунамояш 75-90 рўз буда, донааш якбора саросар пухта мерасад ва кам пош мехўрад. Ҳосилнокияш баланд аст. Дар стаисияи навъсанчии ноҳияи Темурмалик 31 с/га дон додааст.
ПЕШИНАКИШТҲО. Дар сурати пас аз қабат ба қабат чапагардон кардани замини юнучқа, алафҳои бисёрсолаи лўбиёӣ, зироатҳои лубиёгии донӣ ва зироатҳои байни қаторҳояшон нармшаванда коштани арзан, ҳОСИЛИ баланд мегиранд.
КОРКАРДИ ХОК. Арзан ба ҷиддӣ коркард шудани хок, аз алафҳои бегона тоза будан ва аэратсияи нағз доштаии онро талаб мекунад. Арзан дар давраи аввали нашъунамояш бисёр суст месабзад ва ин боиси ба он таъсири бад расонидани алафҳои бегона ва паст шудани ҳосилнокияш мегардад. Коркарди хушсифату саривақтии хок метавонад ҳосили онро чанде зиёд кунад. Бо ин мақсад дар чуқурии 26-28 см шудгори тирамоҳӣ гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё