Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар заминҳои обӣ меъёри тухмиҳоро то 20 кг/га зиёд мекунанд.
Тухмиҳо дар чуқурии 3-6 см таги хок карда мешаванд.
НИГОҲУБИНИ КИШТЗОР. Нигоҳубини киштзор аз мубориза бар зидди алафҳои бегона ва ҳашаротҳои зараррасони кишоварзӣ, коркарди байни қаторҳо, обмонӣ дар давраи нашъунамо ва ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ иборат аст. Дар муборизаи зидди алафҳои бегона ҳангоми панҷазании арзан дар қаторҳо гербисиди 2,4Д бо вояи 0,7-1 кг/га ё ин ки 2М-4Х (дикотикс) бо вояи 1,3-1,5 кг/га 80% хокаи ҳалшаванда пошида мешавад. Дар киштҳои васеъҷўяк коркарди якўми байниқаторӣ дар давраи панҷазании арзан ва дуюмаш дар давраи пеш аз пайдоишвии ҷорубакҳо (дар чуқурии 6-8 см) гузаронида мешавад. Коркардҳои байниқаторӣ бо ғизодихию буриши ҷўякҳои обмонӣ муштарак иҷро мешаванд. Ба арзан дар давраи нашъунамояш бо назардошти давраҳои танқисии об бо меъёри 550-600 м3/га 3-4 маротиба об медиҳанд ки ин ба давраи оғози панҷазанӣ, аввалу охири пайдоиши ҷорўбакҳо ва ба ширагирӣ cap кардани дон рост меояд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Дони арзан баробар пухта намерасад. Пухтани дон аз қисми болоии ҷорўбак cap мешавад. Дар сурати дер cap кардани ғунучини ҳосил донаҳо пош мехўранд ва қисми сифатнокӣ дар ҷорўбак пеш пухта расидааш талаф меёбад. Бинобар ҳамин, тавсия мешавад, ки баробари дар қисми болоии ҷорўбакҳо пурра ва зиёд пухтани дон ба ғунучини ҳосил шуруъ кунанд. Ҳосил дар давоми 3-4 рўз ба воситаи комбайнҳо ғундошта мешавад. Дар сурати истифодаи усули дарави дудаврагӣ талафот як қадар кам мешавад. Донро пас аз ғундоштан тоза намуда, то намнокии 14% хушк мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё