Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Барои кам бухрошавии об аввали баҳор баробари пайдо шудани имконияти каркард дар самти кўндалангии шудгор ду пай сихмола гузаронида мешавад. Пеш аз кишт коркард аз гузаронидани нармкунӣ (то чуқурии 6-8 см) бо якҷоягии сихмолаю мола иборат аст.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Барои пайдо шудани 1-сентнер дон ва миқдори мутаносиби пояҳо арзан аз хок 2-3 кг нитроген; 1,0-1,1 кг фосфор ва 2-2,5 кг калийро мегирад. Дар давраи нашъунамо арзан моддаҳои ғизоиро якхела истифода намебарад. Дар давраи инкишофи он аз пайдошавии майсаҳо то панҷазанӣ ҳамагӣ 7% моддаҳои ғизой истифода мешаванд.
Дар давраҳои минбаъдаи инкишоф истифодаи моддаҳои ғизоӣ ба таври шадид мегузарад: давраҳои панҷазанӣ-гулкунӣ зиёда аз 65% ва дар давраҳои гулкунӣ-пухтарасии дон зиёда аз 28-30% моддаҳои ғизоӣ аз хок ҷабида мешаванд. Давраи ҳадди ниҳоии азхудкунии нитроген, калий ва калсий ба давраи гулкунӣ, фосфор ба давраи ширагирии дон рост меояд.
Пеш аз коркарди асосии хок ба қитъа 50-60 кг/га (м. т.) фосфор пошида мешавад. Нуриҳои нитрогенӣ ба меъёри 40-50 кг/га (м. т.) ба заминҳои лалмӣ дар давраҳои панҷазанӣ ва найчабандӣ чун ғизо истифода мешаванд.
КИШТ. Барои кишт тухмиҳои навъии аз ғашҳо, алафҳои бегона, махсусан аз тухми шамак тозашударо истифода мебаранд. Тухмиҳо аксар вактҳо бо усули хушк бо воситаи агросиит 50% х. т. (2 кг/т). Баҳорон ҳангоми дар чуқурии 6-8 см хок 10-12°С будани гармӣ кишт оғоз меёбад.
Дар минтақаҳои водигӣ мўҳлати кишт ба охири март-аввали апрел ва дар ноҳияҳои куҳӣ ба даҳаи дуюми апрел рост меояд. Арзан бо усулии яклухти қаторӣ бо воситаи тухмипошакҳои ғаллагӣ кошта мешавад. Онро дар майдонхое, ки алафҳои бегонааш бисёранд, бо усули кишти васеъҷўякии байни қаторҳояш 45 см буда, мекоранд. Дар баъзе мавридҳо арзан бо усули дуқатораи тасмашакл ҳам (байни қаторҳо дар тасма 15 см ва байни тасмаҳо 45 см) кошта мешавад. Меъёри киштии тухмӣ барои усули яклухти қаторӣ ба 14-16 кг/га, васеъҷўяк 12-14 кг/га баробар мебошад.

пешина
аз 314
навбатӣ