Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ин тақсимот шартӣ мебошад, чунки пахта дар мо ҳамчун зироати яксола парвариш меёбад, дар минтақахои гарм бошад ҳамчун растании бисёрсола.
Аз руи талаботи умумӣ ба рушнои ва гармӣ растаниҳо ба ду намуд тақсим мешаванд.
1.Растаниҳои минтақаи муътадил ва 2.Растаниҳои минтақаи ҷануб субтропикӣ ва тропикӣ.
Растаниҳои минтақаҳои муътадил таърихан дар натиҷаи иваз кардани мавсимҳои гарм ва хунуки сол ба вуҷуд омадаанд. Онҳо аз руи хусусиятҳои устувори бо хунукӣ ва гармӣ фарқ мекунанд.
Тараққиёти онҳо ҳангоми бо шамол ҳаракат намудан тезонида мешавад. Ин растаниҳоро растаниҳои рузи дароз меноманд, (гандум, ҷавдор, ҷав, сулӣ, мушунг, боқило, бехмевагиҳо, офтобпараст, маҳсар, оилаи равғандорон, карамиҳо, алафҳои бисёрсола ва яксола, зағер ва ғайраҳо).
Растаниҳои минтақаҳои субтропикӣ ва тропикӣ дар натиҷаи кам ивазшавии гармӣ, дар давоми тамоми нашъунамо ба вуҷуд омадаанд.
Ҳаммаи давраҳои онҳо дар ҳарорати баланд нағз мегузарад. Ин растаниҳоро растаниҳои рузи кутоҳ меноманд, (ҷуворимакка, арзан, шолӣ, лубиё, картошка, полезиҳо, пахта ва ғайраҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё