Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ОМИЛҲОИ ҲАЁТИИ РАСТАНИҲО ВА РОҲҲОИ
БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДАНИ ОНҲО

К.А.Тимирязев қайд намуда буд, ки ҳосили баланди растаниҳоро дар мавриди ҷараёни бемайлони ҳамаи омилҳои зарурии ҳаётӣ ба миқдори мўътадил ва дар тавъам бо талаботи ҳар як намуду навъ ба даст меоранд, (Тамирязев К.А. Земледелия и физиология растений.-М.; 1920, с.4).
Сабзиш, инкишоф ва маҳсулнокии зироатҳои саҳроӣ аз андозаҳои дастрас будани ҳамаи омилҳои ҳаёти мутаносибан бо талабот ва хусусиятҳои биологиашон дар давраи нашъунамо вобастагӣ дорад. Ин бо таҷрибаи бисёрсолаи барзгарӣ (зироаткорӣ) ва тадқиқотҳои бешумори илмӣ ба исбот расонда шудааст. Ҳосили баланд вақте ташаккул меёбад, ки омилҳои ҳаётӣ дар давраи нашъунамо аз ҷониби растаниҳо мутобиқ бо талаботҳои намуд ва навъи зироатҳо дастру истифода гарданд.
Дар растанипарварӣ сабзиш, инкишоф, ҳосил ва сифати маҳсулоти гирифташавандаро ба воситаи усулҳои хоси агрономӣ идора намуда, бо ин амал ба дараҷаи дастрасии омилҳои ҳаётӣ дар давраи нашъунамо таъсир мерасонанд.
Ба инкишофи растаниҳо ва ташаккул ёфтани ҳосил ба ғайр аз усулҳои агрономӣ, шароитҳои хоку иқлим, хусусиятҳои навъ, иҷро ва риояи ҳамаи тадбирҳои агрономӣ дар мўҳлатҳои оптималӣ ва бо сифати аъло таъсир мерасонад.
Вазифаи мутахассис-агроном аз он иборат аст, ки хусусиятҳои биологии зироатҳои парваришёбанда, дар давраҳо сабзишу инкишофи онҳоро вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ омўхта, бо назардошти он дастрасшавии ҳамаи омилҳои ҳаётӣ бо андозаҳои мусоид ва мутобиқи давраи нашъунамо таъмин намояд.
Таърихи зироаткорӣ таъсири инсонро ба табиати растаниҳои парваришёбанда бо роҳи тағйир додани хусусияти онҳо ва баланд бардоштани маҳсуснокӣ ва сифати маҳсулот ба манфиати хеш тасдиқ менамояд.

пешина
аз 314
навбатӣ