Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ТАЙЁРИИ ТУХМИҲО БА КИШТ, ГУЗАРОНИДАНИ КИШТ. Беҳтар мебуд, ки кишт бо тухмиҳои хушсифати навъи якуме, ки тозагиашон ла -камтар аз 99% буда, қобилияти нешзаниашон аз 95% кам нест, гузаронда шавад. Тухмиҳо ба муқобили аскохитоз, фузариоз, пўсиш ва бактериоз тавассути фундазол 50% х. ҳ. -3 кг (тонна тухмӣ +5 л об) безарар карда мешавад. Ба муқобили аскохитоз ва фузариоз аз заҳрдоруи ТМТД, 80% х. ҳ. ба меъёри 2- 4 кг/т тухмӣ истифода мебаранд. Инчунин бо чин мақсад фундазол 50%-3 кг/т дар якҷоягӣ бо нитроген истифода мешавад.
Тухмиҳо 3-4 хафта пеш аз кишт ба воситаи мошинаҳои ПС-10, ПСШ-5 бо усули нимхушк бо истифодаи 5-10 л об барои ҳар як тонна тухмӣ, заҳролуд карда мешаванд. Тухмиҳо бо он максад пеш аз мўҳлат заҳролуд карда шуда, нуриҳои бактериалӣ-нитрогенӣ дар рўзи кишт ба тухмиҳо омехта карда мешаванд. Барои афзудани нитрогеназхудкунии мушунг бо ризоторфини мушунги ба меъёри 0,2 кг/га ба 0,2 л об (бо мақсади намнок кардани тухмиҳо ва часпиши нитрогин ба онҳо) бо меъёрии тухмӣ 2 гектар дар сояҷо истифода мешавад. Исгифодаи нуриҳои бактериалӣ-нитрогенӣ ҳосилнокии мушунгро 2-3 с/га ва микдори сафедаи онро 2-3% меафзоёнад.
Мушунг зироати аввалибаҳорӣ бошад ҳам, дар Тоҷикистон мўҳлати беҳтарини кишташ чун нахуди маҳаллӣ ва наск тирамоҳ ва зимистон аст.
Кишт дар ин мўҳлатҳо нисбат ба кишти аввалибаҳории он ҳосилро меафзоёнад. Киштхои тирамоҳӣ ва зимистона имконият медиҳанд, ки омилҳои табии самаранок истифода бурда шаванд. Растаниҳо дар ин мўҳлатҳо бо об нағз таъмин буда, ба брухус кам гирифтор мешаванд ва ҳосилашон пештар пухта мерасад.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикўҳӣ навъҳои зимистонии мушунг тирамоҳ дар (моҳи октябру ноябр) зимистонӣ (декабру январ) кошта мешаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ