Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мўҳлати кишти баҳории мушунг чун мўҳлатҳои кишти зироатҳои барвақтии ғаллагӣ аст. Баҳор баробари 4-5°С будани ҳарорат дар чуқурии тагихоккунии тухмиҳо ба гузаронидани кишт шурўъ мекунанд.
Мушунг бо усули қатории муқаррарӣ, ки байни қаторҳояш 15 см ва баъзан бо усули камбарҷўяк (7,5-8 см) бо меъёри 0,9-1,0 млн. тухми қобилияти нешзанӣ дошта, кошта мешавад. Кишт ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагӣ гузаронида мешавад.
Меъёри тухмии киштӣ аз рўи вазн барои навъҳои дони маҳаллии мушунг 80-110 кг/га, Богарный 126, ки донаш калон аст, 150-160 кг/га аст.
Дар шароити заминҳои обӣ ва лалмии бо намӣ таъмин меъёри тухмӣ зиёд карда мешавад. Тухмиҳо дар чуқурии 6-7 см зери хок карда мешаванд.
Дар киштҳои омехтаи мушунг бо зироатҳои ғаллагӣ барои хўрокаи сабз ба меъёри тухмии мушунг боз 3-4 млн. тухмии қобилияти неш задан доштаи ҷав ё сули илова карда мешавад. Дар ин сурат ҷав ё сулӣ барои мушунг ҳамчун зироатҳои такягоҳӣ хизмат мекунанд.
НИГОҲУБИН. Пас аз коштани тухмиҳо майдонҳо ба воситаи олотҳои ғўламонанди дандонадор, аз кабили ЗККШ-6 шиббагелон карда мешаванд. Бахорон дар ҳолати пайдошавии сафолак, онро ба воситаи сихмолахо мешикананд. Барои беҳтар кардани аэросияи хок ва нест кардани алафҳои бегонаи яксола дар давраи 3-4 баргагии мушунг баъди пайдошавии майсаҳо сихмола гузаронида мешавад. Бо ин мақсад сихмолаҳои сабуки тағмаи ЗБП-О,6А ва дар хокҳои вазнин-БЗСС-1 истифода бурда мешаванд. Коркард дар самти кундалангии қаторҳо ва камшавии ҳо-лати тургории растаниҳо (пажмурдашавӣ) беҳтараш дар соатҳои нисфирўзӣ гузаронида шавад.
Ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва ғаллагӣ то пайдошавии майсаҳо ба хок заҳрдоруи зиразин 50% х. ҳ, (3-5 кг/га+300-400 л об) пошида мешавад.
Дар муборизаи зидди касалиҳо чорабиниҳои агротехникӣ-кишти тухмҳои солими хушсифат, киштгардон, коркарди хушсифат дар мўҳлатҳои мувофиқ, нест кардани алафҳои бегона, нигоҳубини саривақтӣ ва ғайра аҳамияти калон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё