Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба муқобили касалии шакарак дар киштзор маҳлули 0,5-1,0% ИСО пошида мешавад. Ширинчаи мушунгӣ 25 рўз пеш аз ғундоштанн ҳосил ба воситаи заҳрдоруи ангеллик, 59 % э. к. (1 л/га) нобуд карда мешавад.
Бар зидди гамбуски лундачаҳо дар давраи нашъунамо амбуш- 0,3 л/га ё ано-метрин, 0,25% э. к.-0,25 л/га 20 рўз пеш аз ҷамъоварии ҳосил истифода бурда мешавад. Ба муқобили кирми меваи мушунг шаталак, ширинчаи лубиёгӣ 0,5-1,0 л БИ-58-ро истифода мебаранд. Дар заминҳои обӣ ба киштзори мушунги тирамоҳӣ то фарорасии зимистон 1-2 маротиба ба меъёри 600-650 м/га об мемонанд.
Дар давран нашъунамои мушунг ба киштзор 2-3 маротиба об мемонанд. Намнокии мўътадили хок (70—80% аз НК) нигоҳ дошта мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Мушунг нобаробар пухта мерасад. Аввал ғилофакҳои поёнӣ мепазанд, дар сурати дер чамъовардани ҳосил, ғилофакхо мекафанд ва донаҳояш пош мехўранд. Аз ин рў беҳтар аст, ки ҳосил бо усули дудаврагӣ чамъ оварда шавад. Ҳангоми 70-75% сиёҳчатоб будани ғилофакҳо мушунгро ба воситаи машинаи дарав (жатка) ЗКРБ- 4,2, ЖБА-3,5) даравида ғарам мекунанд.
Баъди хушк шудан (2-3 рўз пас) баргу пояи даравидашуда ба воситаи комбайнҳои ғалладарав куфта мешаванд.
Навъҳои мушунге, ки донаҳояшон пош намехўранд, дар вақти 90- 95% сиёҳчатоб шудани ғилофакҳояшон бо усулидарави яклухт ғундошта мешаванд.
Бо мақсади кам кардани талафот бояд ҳосили мушунг дар соатҳои барвақти рўз ё бегоҳӣ ғудошта шавад. Дар вақти ҷамъоварии ҳосил бояд суръати ҳаракати комбайн 4-5 км/с ва устувонаи кубандааш дар як дақиқа 500-600 маротиба чарх занад.
Мушунг чун хўрокаи сабз бо мошинҳои дараванда,комбайнҳои силоскунанда дар давраҳои пурра гулкунӣ ва ҳангоме, ки анбўҳи ҳосили зиёди баргу поя ва протеини хом ҷамъ меорад, ғундошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ