Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Бо тухмиҳо омехта истифода бурдани микронуриҳо, молибдену руҳ ҳосилнокии нахўдро хеле зиёд мекунанд.
Кишти баҳорӣ дар мўҳлатҳои мусоид, ҳангоми мўътадил будани ҳарорати хок (5-6°С будани ҳарорат дар чуқурии таги хок кардани тухмиҳо) гузаронида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани касалии аскохитоз киштҳои зимитонае, ки моҳи декабр дар водиҳо (минтақаи Кўлоб ва водии Ҳисор) гузаронида мешаванд, нисбати кишти баҳорӣ бештар ҳосил медиҳанд. Дар ҳолати паст будани ҳарорати ҳаво ва зиёдии намии хок дар давраи нешзании тухмиҳо растаниҳо ба касалии аскахитоз бештар гирифтор мешаванд.
Натиҷаи тадқиқотҳои Бухориев Т.А., Имомов С.И. (2006) нишон медиҳанд, ки дар шароити заминҳои лалмии аз боришот таъмин мўҳлати кишти 15 ноябр имконият доданд, ки аз ҳар гектар 23,2 сентнерӣ ҳосил гирифта шавад. Ин миқдор ҳосил нисбат ба мўҳлати 1 март 4,5 с/га ё 24% зиёд аст. Дар заминҳои аз алафҳои бегона тоза нахуд асосан бо усули муқаррарӣ (байни қаторҳояш 15 см) ба воситаи тухмипошакҳои ғаллагӣ кошта мешавад. Дар амалия нахўд бо усули кишти тасмашакли дуқатораи байнн тасмаҳо 45 см ва байни қаторхо 15 см низ кошта мешавад. Дар майдонҳое, ки алафи бегонаи бисёр доранд, кишт бо усули васеъҷўякӣ, ки байни қаторҳо 45 см-ро ташкил медиҳад, гузаронида мешавад. Ин усул имконият медиҳад, ки ҳангоми коркарди байни қаторҳо алафҳои бегона нест карда шаванд. Меъёри тухмии нахўд барои кишт ҳангоми истифодаи усули кишти қатории муқаррарӣ 0,5-0,6, васеъҷўяк- 0,4-0,5 млн. дона тухмии қобилияти нешзанӣ дошта дар як гектар мебошад. Меъёри тухмӣ аз руи вазн бо усули қатории муқаррарӣ барои навъи «ВИР-32» 140-160 ва барои «Муқтадир» 90-110 кг/га-ро ташкил медиҳад.
Дар шароити заминҳои лалмии води Ҳисор дар таҷрибаҳои М.Муродова ва ҳосили баланди нахўд (16-17 с/га) дар шароити истифодаи усули байниқатории 10 см, тухмиҳои бо ризоторфин микроболудакардашуда ва меъёри 0,6 млн./га тухмиҳои қобилияти нешзанӣ дошта, рўёнида шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё