Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар киштҳои тирамоҳию зимистонӣ меъёри тухмиҳоро 10-15% зиёд карда, тухмиҳоро дар чуқурии 6-8 см зери хок мекунанд.
Дар заминҳои сернам чуқур таги хок кардани тухмиҳо боиси бештар ба касалии аскохитоз гирифтор шудани растаниҳо мегардад.
НИГОҲУБИНИ КИШТЗОР. Дарҳол баъди кишт майдонҳо шиббағелон карда мешавад. Дар сурати пайдо шудани сафолак онро ба воситаи шиббахои ҳалкашакл ё сихмолаҳои сабук дар самти кундалангии кишт коркард мекунанд. Дар киштҳои васеъҷўяк ва тасмашакл байни қаторҳо ба воситаи нармкунак дар чуқурии 8-10 см 1-2 маротиба нарм карда мешавад. Пас аз яксара баромадани майсаҳо майдонҳоеро, ки алафҳои бегона пахш кардаанд, ба воситаи сихмолаҳои сабук дар самти кундалангии ҷўякҳо нарм мекунанд. Дар мубориза ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи дупаллагӣ ва ғалладонагӣ то пайдо шудани майсаҳо ба хок 3 кг/ra заҳрдоруи 50% заразин мепошанд. Дар муборизаи зидди аскохитоз аз маҷмўи чорабиниҳои зерини агротехникӣ истифода мебаранд; аз тухмиҳои навъи солими ба касалшавӣ устувори ба заҳрдоруҳои зарурӣ омехташуда истифода бурданд, хушсифат гузаронидани кишт, баъди пешкиштаҳои беҳтарин ҷойгиркунӣ, бо навбат коштани зироатҳо дар киштгардон, нест кардани пасмондаҳо баъди гирифтани ҳосил. Ба касалии аскохитоз тамоми қисмҳои болоихокии растанӣ-пояҳо, баргҳо ва ғилофакҳо гирифтор мешаванд.Дар узвҳои ба касалӣ гирифторшуда доғҳои сафедчаи хокистарранг мушоҳида мешавад.
Ба муқобили аскохитоз аз пайдоиши майсаҳо то гулкунӣ дар киштзорҳо маҳлули 3% суспензияи коллоидии сулфур ва 2% ТМТД мепошанд.
Ба муқобили ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ: - заҳдоруи БИ-58 бо меъёри 0,5-1,0 л/га истифода бурда мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ғилофакҳои нахўд ҳангоми пухта расидан намекафанд, лекин ҳангоми даравидан шикаста меафтад. Аломати пухтани дони нахўд зардшавии ғилофакҳо ва сахтшавии онҳост.

пешина
аз 314
навбатӣ