Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми пурра пухта расидан донҳо дар дохили ғилофак озодона ҳаракат намуда садо медиҳанд.
Нахўдро бо усули яклухт тавассути комбайнҳои ғалладаравии нағз танзимёфта, ки пояҳоро паст бурида, устувонаи ғаллакубакаш дар як дақиқа 500 маротиба чарх зада, ба майдашавии донаҳо роҳ намедиҳад, меғундоранд. Дар майдонҳое, ки алафҳои бегонаи зиёд доранд, ҳосил бо усули дудаврагӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Мавзўъ: ЛЎБИЁИ ЧИНӢ (соя) (4 соат) Аҳамият, паҳншавӣ ва ҳосилнокӣ. Хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи шадиди парвариши лўбиёи чинӣ.

Лўбиёи чинӣ – зироати серсафедатарини ҳаматарафа истифодашавандаи лўбиёдонагӣ аст. Вай аҳамияти калони озуқаворӣ, техникӣ ва хўрокавӣ дорад. Дони лўбиёи чинӣ то 40-48% сафедаи хушсифат (маҷмўи аминокислотаҳои ивазнашаванда: лизин, систин, триптофан, метионин ва ғайраҳо), 20-27% равғани озуқаворӣ, 28% ангиштобаҳо ва инчунин як қатор витаминҳои пурбаҳои дигарро дорост. Сафедаи лўбиёи чинӣ аз рўи сифаташ ба сафедаи гўшт баробар аст. Миқдори сафеда дар 1с дони он нисбат ба дони ҷаву ҷуворимакка 3-4 маротиба зиёд аст.

пешина
аз 314
навбатӣ