Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вобаста ба шароитҳои хокию иқлимии минтақаҳо лўбиёи чинӣ дар давраи нашъунамояш 5-7 маротиба аз рўи меъёри 700 м3/га обёрӣ карда мешавад. Дар хокҳои сабук бори аввал бо воситаи ҷўякҳо аз рўи меъёри 400-500 м3/га об медиҳанд. Ба лўбиёи чинӣ дар давраҳои нашъунамо, ғунчабандӣ, гулкунию пайдоиши меваҳо ва пуррашавии донҳо об медиҳанд. Танзими мўътадили бо намӣ таъминкунии лўбиёи чинӣ талаб мекунад, ки дар давраи то гулкунӣ дар чуқурии қабати хоки 0,6-0,7 м бояд намӣ ба дараҷаи 70% аз НК ва дар давраи гулкунию-пайдошавии унсурҳои ҳосил (ғилофакҳо) 75-80% аз НК нигоҳ дошта шавад. Дар сурати нарасидани об гул, ғунча ва ғилофакҳои лўбиёи чинӣ мерезанд.
Киштҳои ангории лўбиёи чинӣ дар як вақт бо ҷўяккашӣ барои обмонии нешзании тухм гузаронида мешаванд. Бо мақсади истифодабарии сарфакоронаи об ва саросар намноккунии хок бо воситаи мошинаҳои обпошак низ лубиёи чиниро об медиҳанд.
Дар мубориза бар зидди касалиҳои вирусӣ, бактериалӣ, занбуруғӣ ва ҳашаротҳои ба растаниҳои соҳаи кишоварзӣ зараррасон истифодаи усули муштарак (интегрированный) аз манфиат холӣ нест. Ба муқобили ҳама гуна касалиҳо заҳролудкунии тухмӣ яке аз шартҳои ҳатмӣ ба шумор меравад.
Барои нест кардани тортанак, ширинча, кирми ғўза, баргхўрак ва ғайраҳо дар давраи нашъунамо маҳлули заҳрдоруи Карбофос (50 фоизаи к. э. аз ҳисоби 0,5-1,0 л/га) пошида мешавад. Ба муқобили мевахўраки лўбиёи чинӣ растаниҳо тавассути заҳрдоруҳои Амбуш - 0,8 л/га ё ин ки Антиои 25 фоиза к.э.-0,5 л/га коркард карда мешавад. Дар мубориза бар зидди тортанакҳо бошад, дар давраи нашъунамои лўбиёи чинӣ, хокаи сулфур (30 кг/га) ё маҳлули 0,5 фоизаи ИСО истифода бурда мешавад.

ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. То давраи ҷамъоварии ҳосил баргҳои аксарияти навъҳои лўбиёи чинӣ зард шуда мерезанд. Ҳосили дони лўбиёи чинӣ дар ҳавои хушк ба воситаи комбайнҳои ғалладаравии СК-5, «Нива» бо усули яклухт ғундошта мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ