Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар шароити Тоҷикистон аз норасоии намии хок ва хушкии ҳаво, ки ба фаъолияти «гармсел» вобаста аст, гулҳои лубиё мерезанд. Лубиё ва мош хусусан дар давраи аз гулкунӣ то пухтан ба намӣ серталабанд. Дар баробари ин изофаи намӣ ва аз ҳад зиёд сернам шудани хок ба сабзиш ва инки-шофи растаниҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Лубиё ба хокхои хроилхез, аз алафҳои бегона тоза, ки муҳиташон рН 7-7,5 аст, эҳтиёҷ дорад. Онҳо дар заминҳои сиёҳхок, сергили сабуку серрег ва дар шароити ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна — дар заминҳои қахварангу хокҳои хокистарранги сиёҳтоб нағз месабзанд. Барои кишти онҳо хокҳои шўр, вазнин, сергил, инчунин қитъаҳои обҳои зеризаминиашон рўяк ношоям аст.
Давраи нашъунамои лубиё вобаста ба навъ ва шароити хокию-иқлимӣ чунин аст:навъҳои тезпазак 80-90 рўз,навъҳои дерпазак 100-110 рўз.Навъхои бутташакл одатан бештар тезпазаканд.
Давраи нашъунамои мош 70-100 рўз мебошад. Бо туфайли кўтох будани давраи нашъунамо, ба гармӣ ва ба ҳавои хушк тобовар будан мошро дар заминҳои обӣ баъди ғунучини ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва дигар зироатҳои тезпазак хамчун зироати ангорӣ коштан мумкин аст.
Бо туфайли мўякдории растанӣ ва ғилофакҳои он, мош аз ҳашаротҳо нисбатан кам зарар мебинад.
НАВЪҲО. Дар давлатхои муштаракул-манофеъ чунин навъҳои лубиёи муқаррарӣ кошта мешаванд: Щедрая, Триумф, Харковӣ-9 ва ғайрахо.
Дар Тоҷикистон навъсанҷии лубиё гузаронида намешавад.Аксаран навъи маҳаллии лубиёро ва аз дигар кишварҳо овардашударо парвариш мекунанд. Баландии ин навъ то 2-3 м ва аз ин ҳам зиёдтар шуда, пояаш печон аст ва ин имконият медиҳад, ки ин навъ дар киштҳои омехта бо ҷуворимакка ва ҷуворӣ нстифода бурда шавад.
Ғилофакҳояшон тасбеҳшакл, дарозиашон 8-12 см буда, дар ҳар як ғилофак аз 6-то 13 дон дорад. хачми тухмҳои миёна, рангашон гулобӣ буда, гурдашакланд ва изи сиёҳи баланд доранд.

пешина
аз 314
навбатӣ